Formula novemver 2024
Навраси тоҷик боз парчами Тоҷикистонро баланд бардошт
1362


Сомон Турсунзода, навраси тоҷик дар мусобиқаи “Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023” оид ба ҷиу-ҷитсу байни варзишгарони рақами як баромад намуда, сазовори медали тилло гардид.

Мусобиқаи мазкур дирӯз, 2-юми октябри соли равон дар шаҳри Шанхайи Чин дар ду намуд, аз ҷумла ҷудо ва ҷиу-ҷитсу-грэпплинг доир гардид.

Бино ба иттилои портали “Варзиш ТВ” дар мусобиқаи “Shanghai Jiu-Jitsu Elite Championship-2023” варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар вазни то 30 кг ҳунарнамоӣ намуда, соҳиби медали тилло шуд.

“Сомон ду рақиби пурқуввати худро аз Чин мағлуб намуда, нишони заррини мусобиқаро ба даст овард”, - навиштааст манбаъ.

Бояд гуфт, қаблан, медалҳои Тоҷикистонро дар 19-умин Бозиҳои Осиёии Ханчжоу – 2022 дар риштаи ҷудо Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) нишони тилло, Темур Раҳимов (+100 кг) нишони нуқра, Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг) нишони биринҷӣ, аз риштаи кураш Хайрандеш Муродзода (-66 кг) нишони биринҷӣ ва Ҳақназар Назаров (-90 кг) нишони 2-юми биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД