Паҳн гаштани видеои лату кӯб шудани марде аз ҷониби як бачаи наврас дар шабакаҳои иҷтимӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард.
Дар навор дида мешавад, ки як бачаи навсар бо марди баркамоле аввал даст ба гиребон шуда, сипас ӯро зери мушту лагад мегирад. Ҳодиса дар пеши назари дигарон сурат гирифта бошад ҳам, шоҳидон ҳамчун тамошобин ин саҳнаро назорат намуда, касе ҳатто кӯшиш ҳам намекунад, ки онҳоро аз ҳам ҷудо намояд, аммо ин навор кормандони милитсияро ба ташвиш оварда, аз паси ҷустуҷӯи гунаҳкорон шуданд.
Тавре вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст, дар натиҷаи аалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитисия нафароне, ки дар ин ҳодиса даст доштанд, муайян карда шуданд.
Ҷабрдида Қосимов Собир 38- сол дошта, сокини деҳаи Лоҳутии ноҳияи Дӯстӣ ва гирифтори бемории рӯҳӣ будааст. Навраси ӯро латукӯб намуда ва дигар шахсоне, ки дар навор дида мешаванд, ҳамагӣ хонандагони синфи 9-уми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Дӯстӣ мебошанд.
Дар рафти санҷиш муаян карда шудааст, ки ҳодисаи мазкур дар деҳаи Лоҳутии ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон рух дода, Қосимов Собир дар роҳ бо алфози қабеҳ наврасонро ҳақорат медиҳад. Маҳз ҳамин таҳқирҳо боиси он гаштаанд, ки яке аз наврасон ӯро лату кӯб намояд Шахсияти ҳамаи нафароне, ки дар ин муноқиша ширкат намуданд, муайян ва бо ҳамроҳии волидайнашон ба Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ дастрас карда шуданд.
Оид ба ин ҳодиса маводи лозима тартиб дода шуда, мавриди баррасӣ қарор дорад.