Arzon march 2024
Наттоқи машҳури тоҷик аз мо рафт
1048

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, наттоқи машҳури тоҷик, собиқадори радио ва телевизион Лолахон Сатторӣ аз олам даргузашт.

Лолахон Сатторӣ (тав. 1956, н. Фархор), наттоқи машҳури тоҷик факултети ҷуғрофияи Донишкадаи давлатии омўзгории шаҳри Душанберо хатм кардааст. Аз соли 1982 то соли 1992 наттоқи Радиои тоҷик буд, садои гиро ва ширадор дошт, табиӣ сухан мегуфт, сомеъонро бо равишҳои гуногун зери таъсир мегирифт.

Аз соли 1993 инҷониб дар вазифаҳои муҳаррири варзидаи идораи сиёсӣ ва директори телевизиони тоҷик, сарвари Маркази миллии санъатҳои аудиовизуалии радио, телевизион ва кино, раиси иттиҳодияи «Тоҷиккино», мудири шуъбаи наттоқони радиои тоҷик, директори «Тоҷикфилм», раиси иттифоқи касабаи Кумитаи радио ва телевизион хидмат намудааст.

Гўянда, баранда, шореҳи барнома ва намоишҳои калонҳаҷми сиёсӣ дар радио ва телевизиони Тоҷикистон. Чун шахсият дар амалӣ намудани сиёсати сулҳҷўёнаи мақомоти олии роҳбарии Тоҷикистон дар лаҳзаҳои ҳассоси солҳои 1994-1998 нақши созанда бозидааст.

Бо садои номбурда даҳҳо барномаҳои радиоӣ ва намоишҳои телевизионӣ сабт гардидаанд, ки иддае аз онҳо дар “Хазинаи тиллоӣ”- и радиои Тоҷикистон ва видеотекаи телевизиони Тоҷикистон ҳифз гардидаанд. Бо унвони «Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон» ва ифтихорномаҳои соҳавӣ қадр гардидааст.

Ҳайати эҷодии сомонаи Pressa.tj аз даргузашти Ҳунарпешаи Шоистаи Тоҷикистон, наттоқи машҳури тоҷик, собиқадори радио ва телевизион Лолахон Сатторӣ андуҳгин буда, ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ менамоянд.

                                   100 сатр аз одаму одамгарӣ

Ин ҳодиса солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯй дода буд. Оташбас эълон карда бошанд ҳам, ҳанӯз садои тиру туфанг хомӯш нагашта, ҳар рӯз ҷасади хунолуди садҳо ҷавонони ормониро ба хок месупориданд. Фиғони ҷонхароши модарони фарзандгумкарда дар мотами ҷигарбандони гулгункафанашон синаи осмонро мешикофт ва об аз чашми санги хоро равон мекард, аммо силоҳдоронро на парвои ашки талхи модарон буд, на ғами тифлакони бе падар ва на андешаи ҳазорон-ҳазор ҷавонзанҳои сиёҳпӯш. Онҳо ташна буданд, ташнаи хуни одамӣ ва ҳар рӯз мисли даррандагони ваҳшӣ одам сайд мекарданд. Дашту даман аз хуни шаҳидон лолазор гашта, моҳиёни дарё аз гӯшти одамӣ сер шуда буданд, аммо бӯйи сулҳ ҳанӯз ба машом намерасид. Ана дар ҳамон солҳои мудҳиш ҳодисае рӯй дод, ки дар авроқи хотироти аҳли хонаводаи мо абадан нақш баст.

Аз нақлиёт дар кӯчаҳои шаҳр танҳо танк ва БТР-у БМП гаштугузор намояд ҳам, мани донишҷӯ ва ба қавли модарам «аз ҷони ширанам безор» баъди дарсҳо дар дирексияи телевизион кор мекардам. Бародарам Суҳробҷон нав ба донишгоҳ дохил шуда, дар курси якум мехонд. Як рӯз нав аз дарс ба идора омада будам, ки дарбони телевизион занг зада маро ба берун хонд. Ҳайрон шуда ба ҳавлии телевизион баромадам. Чашмам ба яке аз ҳамсабақони бародарам афтод, ки бо рангу рӯйи канда дар паси панҷара рост меистод. Наздаш рафта аҳволпурсӣ намудам. Духтарак гунаҳкорона сар ба зер афканда гуфт:

- Апаҷон, додаратона дар облава дошта бурданд!

Бо шунидани ин хабар маро гӯё барқ зада бошад, тамоми вуҷудам ба ларза даромад. Базӯр худро ба даст гирифта пурсидам:

- Ба куҷо бурданд?

- Намедонам. Ман саҳарӣ ба дарс рафта истода тасодуфан дидам, ки чи тавр силоҳдорон аз ду дасташ маҳкам дошта, Суҳробро ба мошин савор карданд,-Инро гуфта ӯ оҳи сарде кашид ва хайрухуш кард.

Намедонистам сарамро ба куҷо занам, зеро дар он солҳо на касе ба билети донишҷӯӣ нигоҳ мекард, на арзу додатро мепурсид, ҳамин ки бача ба дасти облавачиён афтид, ба дасташ автомат дода, рост ба майдони ҷанг мебурданд, аз он ҷо бошад…

Рӯзро бо гиря бегоҳ карда бошам ҳам, бегоҳ дар хона худро мард гирифта, дурӯғ гуфтам, ки Суҳроб ба зодрӯзи як ҳамсабақаш рафтаасту пагоҳ меояд, зеро модарам бемории диққи нафас доштанд ва хуб медонистам, ки агар ин хабари шумро фаҳмад, зинда монданаш ба гумон аст. Беҳуда пиронсолон «фарзанди падар тири алмос аст» намегуфтаанд, он шаб дилам он қадар барои бародарам сӯхту сӯхту сӯхт, ки хаёл кардам тамоми аъзои баданамро аз мошинаи гӯштқиммакунак гузарониданд. Мижжа таҳ накарда, шабро бо ҳазрон андешаи даҳшатзо саҳар кардам. Он шаб дарозтарин шаби ҳаёти ман буд ва аввалин тораи мӯй сафед дар сари мани 20 сола ҳамон шаб пайдо шуд.

Саҳар ба комиссариати ҳарбӣ рафтам ва то шом давутоз намуда, фаҳмидам, ки бародарамро ба қисми низомии 3502 бурдаанд. Аз модарам пинҳонӣ ин хабарро ба падарам расондам. Ҳарду ба ин қисми низомӣ рафтем, вале моро ҳатто наздик шудан намонданд. Дар назди КПП одамони зиёде хайма зада мехобиданд. Мақсади моро фаҳмида яке аз онҳо сар ҷунбонда гуфт:

- Эй амаки, ман ҳамсояи Суҳроб-командир ҳастам, ғайр аз ин мо бисёр хешу табори наздик ҳастем. Додарам донишҷӯ аст, бачаи шумо барин ӯро аз кӯча дошта овардаанд. Ду ҳафта шуд, ки дар ҳамин ҷо хайма зада мехобам, на мемонанд, ки ба назди Суҳроб даромада ҳамроҳаш як даҳон гап занам, на додарамро нишон медиҳанд. Беҳуда овора шуда нашинед, тақдиру насибаш ҳамин будааст, бачатона чанд рӯз машқ дода, ба ҷанг мебаранд…

- Равед, гуфтам-ку то қасам ёд накунанд, ягонтаатон бачаатонро дида наметавонед. Барои чӣ беҳуда дар ин ҷо нишаста асабҳои моро хароб мекунед. Аз рӯйи шумо шуда мо аз командир гап мешунавем,-Бонг мезаданд ҳар замон сарбозони навбатдор, вале волидони ташнаи дидори фарзанд ҳанӯз ба умед роҳи Суҳроб-командирро мепоиданд. Вақте ки пардаи торикӣ фаромад, вазнин аз ҷоям бархостам ва ба китфи падарам даст бурда гуфтам:

- Хезед меравем, аздусар дар ин ҷо касе арзу доди моро намепурсад!

Борон чунон бошиддат меборид, ки гумон мекардӣ ҳамин ҳоло тӯфони Нӯҳ бархоста, сайёраи Замин дар зери об мемонад. Садои гулдуроси даҳшатангези тиру туфанг ҳар замон ба фалак печида, ваҳшати шаби борониро даҳчанд мегардонд. Медонистем, ки худо накарда ба дасти ягон гуруҳи силоҳдорон афтем, пӯстамонро зинда ба зинда аз танамон меканем, вале чораи дигар надоштем. Падару духтар дар зери борон шип-шилта шуда, пойи ба роҳ афтодем. Аз Қулписта то Душанбе пиёда-пиёда омада чунон тар шудем, ки хаёл кардам борон натанҳо аз либос, балки аз мағзи устухонҳоям гузашт. Аллакай субҳ дамида буд. Медонистам, ки бо ин аҳвол ба гӯшам ягон калима гапи устодони донишгоҳ намедарояд, либосҳоямро иваз намуда, ноништа кардаму ба кор рафтам. Дар дами дар бо директории телевизион Лолахон Сатторов рӯ ба рӯ задам. Ин марди нек бо ман гарм аҳволпурсӣ карда гуфт:

- Духтарҷон, барои чи чашмонат суп-сурх шудаанд? Магар ягон кас туро хафа кард ё шаб хоб накардӣ?

Аламам рӯ зада оби дидаам ба бари рӯям шорид ва базӯр пичиррос задам:

- Додарамро дар облава дошта бурдаанд….

- Ором шав, бо гиря кардан масъала ҳал намешавад, ягон чора андешидан лозим,-инро гуфта акаи Лолахон маро ба утоқи кориаш бурд ва дар кадом қисми ҳарбӣ будани бародарамро пурсон шуд. Вақте фаҳмид, ки Суҳроб дар қисми 3502 аст, андаке табассум карда гуфт:

- Ману Суҳроб Қосимов ҷӯраҳои ҷонӣ ҳастем, вале нисфи хешу таборам дар қисми ҳарбии ӯ бошанд ҳам, ягон бор ба наздаш рафта, тағогӣ накардаам, лекин ба хотири ту меравам. Хез, оби чашматро пок карда ба донишгоҳ раву як маълумотнома гирифта биё, ки додарат дар ҳақиқат донишҷӯ аст. Пас аз нисфирӯзӣ ҳардуямон ба назди Суҳроб-командир меравем.

Ин гапро шунида гӯё болу пар баровардам. Осемасар ба донишгоҳ рафта, маълумотнома гирифтам. Нимаи дуюми рӯз ману падарам ба мошини Лолахон Сатторов нишаста ба Қулписта равон шудем. Вақте ба Суҳроб Қосимов хабар доданд, ки ба наздаш директори телевизион омадааст, командир худаш ба истиқбол баромад ва Лолахон Сатторовро гарм ба оғӯш гирифту хандида гуфт:

- А бача нисфи хешу таборта облава карда оварданд, наомадию имрӯз туро кадом шамол парронд?!

- Суҳробҷон, агар ягон хешамро меоварданд, худо шоҳид, ки намеомадам, лекин ҳамин духтарак коргари ман аст ва бисёр босадоқат кор мекунад. Бовар кун, дар ҳамин замонаи нотинҷ то соатҳои 12-и шаб дар телевизион нишаста барнома тайёр мекунад. Саҳар дидам, ки чашмакош пури оби дида аст. Сабаб пурсидам, гуфт, ки додаракша облава карда ҳамин қисми шумо овардаанд. Бача донишҷӯ аст, мана маълумотномаи донишгоҳ, дафтарчаи имтиҳоноти ва билети донишҷӯияш…

Суҳроб Қосимов ҳуҷҷатҳоро аз дасти акаи Лолахон гирифт ва ҷонишинашро даъват карда, гуфт:

- Ҳозир шахсан худат рафта ин бачаро ба назди мо меорӣ.

Лаҳзае пас аскарбачаи моро оварданд. Суҳроб-командир хост моро зиёфат диҳад, вале акаи Лолахон таклифашро рад намуда «ягон рӯзи дигар чой менӯшем» гӯён бо дӯсти ҷониаш хайрухуш намуд. Раҳораҳ бародарам қиссаи аҷибе карда гуфт: «Мошини телевизионро дидан замон пай бурдам, ки шумо барои бурдани ман омадаед. Ба аскарбачаҳои дар паҳлӯям истода гуфтам, ки ҷӯраҳо, хизмати ман ба итмом расид, вале ба ҳолам хандида гуфтанд: «Сағера, хестӣ, ки хобӣ. Генерелҳо бачаҳояшона аз ин част халос карда бурда наметавонанду ту худат кӣ ҳастӣ, ки туро ҷавоб медодаанд. Мурда-мурда автомат гирифта ба ҷанг меравӣ.» Чанд лаҳза пас ҷонишини командир омада фаҳмилияи маро хонд ва фармуд, ки чизу чораамро ҷамъ кунам. Бачаҳои ҳампаҳлӯям бо ҳайрат ба ман нигариста гуфтанд: «Сағераи камбағал метовию тағаи зӯр доштай-ку!» Ҳама қоҳ-қоҳ зада хандидем.

Лолахон Сатторов моро ба хона оварда монд. Модарам, ки танҳо ҳамон саҳар хабари ба облава афтидани писарашро шунида буд ва аз тарсу изтироб ба худ ҷойи нишаст намеёфт, бо дидани Суҳроб курта-курта гӯшт гирифта дар ҳаққи Лолахон Сатторов ва Суҳроб-командир дуои нек карда гуфт:

- Акаҷон, мо дар бисотамон ҳамагӣ як гов дорем. Ба хона дароед, ҳозир ҳамин гова кушта шуморо зиёфат медиҳам, охир шумо ҷони бачаи маро харида аз даруни оташи ӯро ҷанг баровардед…

- Гови бечора чӣ гуноҳ дорад, ки сарашро аз танаш ҷудо мекунед?- Шӯхӣ кард акои Лолахон,-Барои ман ин корро карданӣ бошед, ҳаргиз накунед. Ман аз гӯшт қимоб ҳастам, нони гарматонро аз дегдон канда як шакароби тоҷикӣ кунед, як дег гӯштбирён хӯрдагӣ барин, аз шумо миннатдор мешавам.

Он рӯз мо директори телевизиони Тоҷикистон Лолахон Сатторовро бо шакароб зиёфат дода, дар сари дастурхон суҳбати ширину хотирмоне оростем.

Аз ин ҳодиса беш аз бист сол гузашта бошад ҳам, то ҳол аҳли оилаи мо ин некии Лолахон Сатторовро фаромӯш накардаанд. Ҳар гоҳ дар хона меҳмон бошаду тасодуфан ҳамон бегоҳ тариқи телевизион Лолахон Сатторовро намоиш диҳанд, падарам ба экран ишора, карда мегуфтанд: «Ин мардак одам не, ҷони одам аст!» Бародарам Суҳроб бошад, ҳамеша нимӯхию нимҷиддӣ ба зану фарзандонаш мегӯяд: -Фаромӯш накунед, ки ман тағаи зӯр дорам, агар маро хафа кунед….

Бо ин марди нек чанд сол дар як идора кор карда, ман садҳо хислатҳои олии инсонӣ ва касбии Лолахон Сатторовро барои худ кашф намудаам, вале барои кушодани симои ин шахси наҷиб саҳифаи гезета тангӣ мекунад. Аз ҳамин хотир танҳо ҳамин ҳодисаро ба ёд оварда, мехоҳам ин марди шарифро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш сидқан муборакбод бигӯям. Худо кунад, ки шумораи чунин одамони шариф дар кишвари мо биафзояд!

Фирӯза САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД