12-уми март ҳамаи бозиҳои аввали марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Аврупо дар мавсими 2025/26 доир шуданд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дастаҳои “Штутгарт” ва “Порту” дар варзишгоҳи “МПХ Арена”-и шаҳри Штутгарт андари майдони рақобат шуданд. Бозии дастаҳо бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди “Порту” хотима ёфт. Голҳои дастаи “Порту”-ро Терем Моффи ва Родриго Мора ба самар расониданд. Ягона голи тими мизбонро Дениз Ундав марбути номи хеш намуд.
Бозии дастаҳои “Болоня” ва “Рома” дар варзишгоҳи “Ренато Дал'Ара”-и шаҳри Болоня доир шуда, бо ҳисоби мусовии 1 бар 1 хотима ёфт. Аз ҳайати “Болоня” Федерико Бернардески ва аз ҳайати “Рома” Лорентсо Пеллегрини голҳоро ба самар расониданд.
Дидори дастаҳои “Лилл” ва “Астон Вилла” дар варзишгоҳи “Пйер Моруа”-и Фаронса доир шуда, бо ғалабаи тими меҳмон бо ҳисоби 1 бар 0 хотима ёфт. Ягона голи ғалабаоварро аз ҳайати тими Бирмингем Олли Уоткинс марбути номи хеш кард.
Варзишгоҳи олимпии шаҳри Афина бозии дастаҳои “Панатинаикос” ва “Бетис”-ро мизбонӣ намуд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди тими мизбон хотима ёфт. Ягона голи ғалабаоварро барои тими “Панатинаикос” Висенте Таборда ба ҳадаф расонид.
Вохӯрии дастаҳои “Генк” ва “Фрайбург” бо ҳисоби 1 бар 0 фарҷом ёфт. Бозии ин ду бошгоҳ дар варзишгоҳи “Кристал Арена” баргузор гардид. Ягона голи бозиро Закария Эл Уаҳди ба номаш сабт намуд.
Дастаҳои “Ферентсварош” ва “Брага” дар варзишгоҳи “Групама”-и Будапешт ба ҳам омаданд. Бозӣ бо ҳисоби 2 бар 0 ба суди тими мизбон хотима ёфт. Голҳоро барои тими “Ферентсварош” Габи Каничовски ва Ленни Ҷозеф ба самар расониданд.
“Ноттингем Форст” дар майдони хонагӣ - “Сити Граунд” аз тими “Митюлланд” мағлуб шуд. Бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 бо ягона голи Хе-сон Чо ба фоидаи “Митюлланд” фарҷом ёфт.
Дастаҳои “Селта” ва “Лион” дар варзишгоҳи “Блайдос”-и шаҳри Вигои Испания натиҷаи мусовииро ба қайд гирифтанд. Бозӣ бо ҳисоби 1 бар 1 хотима ёфт. Аз ҳайати тими мизбон Хавйер Руэда ва аз ҳайати “Лион” Эндрик муаллифи голҳо шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии марҳилаи ҳаштякниҳоии Лигаи Аврупо рӯзи 19-уми март баргузор мегардад. Қаҳрамони феълии мусобиқа дастаи “Тоттенҳэм”-и шаҳри Лондон ба ҳисоб меравад.