Наслеҳан Атогул ва Қодир Догуғлу аз зумраи ҳунармандони машҳури турк мебошанд, ки натанҳо дар ватанашон, балки берун аз марзҳои Туркия низ кайҳо шинохта шудаанд. Дар кишвари мо низ ин ду ҳунарманди боистеъдод ҳаводорони зиёде доранд.
Мухлисони тоҷикистониашон Қодир Догуғлуро аз сериалҳои машҳури “Ду чеҳраи Истамбул” ва “Асри тилоӣ” хуб мешиносанд, Наслеҳанро бошад, силсилафимҳои “Ишқи аввал” ва “Духтари сафир” машҳур гардонидаанд.
Ин ду ситораи синамои Туркия ҳанӯз соли 2016 издивоҷ карда буданд, вале худованд ба онҳо пулу мол, боигарӣ в шуҳрату маҳбубияти зиёде ато намуда бошад ҳам, фарзанд надод.
Зану шавҳари машҳур барои ба муроди дил расида, соҳиби фарзанд шудан дари даҳҳо табибони номдорро куфтанд, аммо ягон натиҷа ҳосил нашуд. Онҳо ба хулосае омаданд, ки аз усули бордорсозии сунъӣ истифода мебаранд.
Солҳои 2018 ва 2020 ин ҷуфти зебо “ЭКО” карданд, аммо натиҷа надод. Ситораҳо навмед нашуда, имсол ба Кипр рафтанд ва дар яке аз марказҳои машҳури тибби он ҷо бори сеюм “ЭКО” карданд. Хушбахтона ин дафъа худованд дуои ин зану шавҳари ташнаи фарзандро мустаҷоб гардонд.
Айни замон Наслеҳан Атогул тавлиди дугоникҳоро интизор аст. Зану шавҳар аз хурсандӣ дар куртаашон намеғунчанд.
Наслеҳан Атогул ва Қодир Догуғлу дар сӯҳбат бо журналисти турк Онур Акая гуфтаанд, ки чизе дар дунё ҷойи фарзандро гирифта наметавонад, на пулу моли зиёд ва на шӯҳрату маҳбубият. Такягоҳи инсон дар зиндагӣ танҳо оила аст, таъкид кардаанд ҷуфти ситораҳо.
Ёдрас мешавем, ки Наслеҳан Атогул 31 сол дорад, шавҳараш Қодир Догуғлу бошад, дар синни 42-солагӣ падар мешавад.