Formula novemver 2024
Насибаи Рустам «Оши барги токӣ» мепазад
1822

Аслан дар дунё бонуи беҳунар хеле кам аст, хусусан бонуе, ки дар деҳот тавлид ёфтааст, панҷ панҷааш ҳунар аст. Ин навбат меҳмони ошхонаи “Оила” наттоқи шинохта ва бонуи бениҳоят зебову хушсухан Насибаи Рустам ҳастанд.

Биёед бубинем, ки Насибабону дар баробари хушгилу хушдилу хушсухан буданашон боз кадом хӯроки миллиамонро ба дараҷаи аъло пухта метавонанд.

-Насибабону, аксари бонувони шинохтаи моро панҷ панҷаашон ҳунар аст, ҳам кори давлат мекунанду ҳам мошин меронанд, фарзанд тарбия мекунанду боз хӯрокҳои гуногун омода менамоянд. Шумо берун аз касбу кор дар хона кадом корҳоро ба анҷом мерасонед?

-Қариб тамоми кор аз дастам меояд, кадомашро номбар кунам?

-Айни замон танҳо ҳунари ошпазӣ доштани шуморо фаҳмидан мехоҳем.

-Ба дараҷаи “шеф-повар” хӯрок пухта натавонам ҳам, чандон зани беҳунар нестам.

-Хӯроки писандидаи худатон кадом аст?

-Ош, манту ва қурутобро дӯст медорам.

-Ба тӯйҳои мардум равед, аз хӯрокҳояшон мечашед?

-Албатта! Аз нону намак рӯй гардондан нишони одамгарӣ нест.

-Барои хонандагони “Оила” чӣ хӯрок мепазед?

-Азбаски худам оши барги токиро дӯст медорам, мехоҳам тарзи пухтанашро ба хонандагон пешкаш намоям.

-Марҳамат!

-Тарзи пухтани оши барги токӣ чунин аст:

Сараввал пиёзро то сиёҳчатоб шуданаш дар деги равғандор бирён мекунему сипас гӯштро андохта, боз каме мезирбонем. Сабзиро то рангаш сурхча шудан бирён карда, сипас ба дег об мерезем. Пас аз он ки зирбаки ош ҷӯш омад, гӯшти қимашударо дар барги ток печонида, ба зирбак илова мекунем. Баъди панҷ дақиқа баргҳои қимадорро аз зирбак гирифта, биринҷи таркардашударо шуста, ба дег меандозем. Вақте ки оби биринҷ ҷӯшида хушк шуд, баргҳои қимадоштаи токро ба рӯи биринҷ чида, ошро селофанпеч карда, дам мепартоем. Тақрибан ним соат пас ош дам мехӯрад. Гуфтагӣ барин, баъди ба табақ кашидани ош ба рӯяш барги ток гузоред, зеботар намуда, иштиҳоовар мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД