goodwell
Нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 54,3% иҷро гардид
03.04.2026
Oila.tj
322

Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандон ба сафи Артиши кишвар дар сатҳи ҷумҳурӣ 54,3%-ро ташкил менамояд.

Бино ба иттилои Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, имсол дар ҳама шаҳру новоҳии кишвар Рӯзи даъватшаванда дар сатҳи зарурӣ ташкилу баргузор шуд.

Гуфта мешавад, ки чун солҳои қаблӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар рӯзи аввали даъват аз иҷрои пурраи нақша гузориш дод.

“Вилояти Хатлон низ назар ба солҳои қаблӣ пешсаф буда, нишондиҳандаҳои назаррас дорад. Ин аст, ки дар рӯзи аввали даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва ноҳияҳои Дӯстӣ, Ёвон, Вахш нақшаи даъвати баҳориро пурра иҷро намуданд”,- иттилоъ медиҳад Вазорати мудофиа.

Ҳамзамон, ба иттилои Вазорати мудофиа, баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Рашт, Сангвор, Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод аз иҷрои нақшаи даъват хабар доданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД