Гурӯҳи навбатии ҷавонони шаҳри Панҷакент ба хизмати ҳарбӣ гусел карда шуданд ва бо ҳамин нақшаи даъват дар шаҳр пеш аз муҳлат ба иҷро расид.
Гуфта мешавад, ки дар иҷрои пеш аз муҳлати нақшаи даъвати баҳорӣ роҳандозии ҳамкории густурдаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, комиссияи шаҳрии даъват, мақомоти сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр бо ҷавонону волидайни онҳо ва бо амри дил хидмати Ватанро ихтиёр намудани даҳҳо нафар ҷавонони баору ватандӯст мусоидат намудааст.
Дар даъвати баҳории хизмати ҳарбӣ 390 нафар ҷавонони ғаюр ва ватандӯсти шаҳри Панҷакент ба хизмати Модар-Ватан сафарбар карда шудаанд.