Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав дар шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Турсунзода пайкараҳои ҳайвонот ва парандаҳои нодири Тоҷикистон дар иҳотаи манзараҳои табиат сохта, насб карда шудаанд.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав, пайкараҳои ҳайвонот ва парандаҳои нодири табиати Тоҷикистон, аз қабили гӯсфанди Марко Поло, бабри барфӣ, оҳуи бухороӣ ва бузи пармашох (морхӯр), кабк, лак-лак ва асп бо истифода аз сангу моддаҳои махсус аз ҷониби мутахассисон бо тарҳи замонавӣ сохта, насб гардидаанд.
- Онҳо агар аз як тараф муаррифии олами бойи ҳайвонот ва манзараҳои нотакрори Тоҷикистон бошанд, аз сӯи дигар, ба ободу зебо гардидани мавзеъҳои ду канори шоҳроҳи байналмилалии Душанбе - Турсунзода, ки аз ин масир ҳамарӯза шумораи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷӣ убур мекунанд, мусоидат менамоянд,- меафзояд манбаъ.