Arzon march 2024
Наргиса чӣ гуна рӯй ба кӯҳнадӯзӣ овард?
1277

 

Дар деҳаи наздисарҳадии Хоҷаи аъло-и шаҳри Исфара зане бо кӯҳнадӯзӣ машғул аст ва барои аҳолии ин деҳа хизмат мерасонад.

Наргиса Хакимова 42 сола аст. Ӯ соҳиби се фарзанд буда, дар ин деҳа бо кафшдӯзӣ машғулу машҳур аст. Наргиса ин ҳунарро аз шавҳараш омӯхта давоми 23 сол аст, ки бо дастони нозукаш эчтиёҷи мардуми ин деҳаи дурдастро мебарорад.

-Вақте, ки ман ба ин оила арӯс шуда омадам, шавҳарам кӯҳнадузӣ мекарданд ва ман ҳам дар вақтҳои холигӣ кӯмак мерасондам. Шукрона, ки ҳамин ҳунарро омӯхта будаам имрӯз баъди марги шавҳарам аз дасти ҳамин корам нон мехӯрам- мегӯяд Наргиса.

Шавҳараш аз дасти қирғиз кушта шуду...

Шавҳари Наргиса Ҳусенбой Ҳакимов соли 2019 дар синни 43 солагӣ дар яке аз ҷанҷоли марзӣ аз тарафи қирғизҳо кушта шудааст. Ҳунари шавҳарро имрӯз Наргиса давом дода, зиндагиашро пеш мебарад.

-Таъмири пойафзол мавсим надорад, доим мардум дар ҳаракат мебошанд ва бахусус кори қишлоқ зиёд аст, роҳҳо ноҳамвор ва кафшҳои мардум тез- тез нобуд мешаванд. Барои таъмир ба ман меоранд ва ман ҳаракат мекунам бо нархи дастрас дар мӯҳлати кӯтоҳ таъмир намоям. Музди корам аз 5 то 10 сомонӣ вобаста ба ҳолати пойафзол мебошад, - афзуд Наргиса.

Наргиса барои босифат ва зуд ба анҷом расонидани кораш дар ин ҷода ба мошинаи махсуси пойафзолдузӣ хеле эҳтиёҷ дорад. То ин дам ӯ дар хонаи истиқоматии худ асосан бо дастонаш ва бо мошинаи чокдузӣ пойафзол медӯзад, ки бисёр ҳам мушкилӣ мекашад. Барои кӯмак ӯ ба ташкилоти ҷамъиятӣ муроҷиат кард, вале...

-Ба ман гуфтанд, ки лоиҳа пешниҳод кунед ва ман барои харидорӣ намудани мошинаи пойафзолдузӣ ва ташкили як сехи таъмири пойафзол дар деҳаи Хоҷаи- аъло лоиҳа омода намуда пешниҳод намудам, аммо лоиҳаи ман аз чи сабаб бошад, ки нагузашт, - нақл кард ӯ.

Барои Наргиса ягона роҳу воситаи даромад ба зиндагӣ ҳамин ҳунараш аст ва мехоҳад онро давом диҳад, чунки дар ягон ҷои дигар кору фаъолият ҳам надорад.

-Агар дар деҳа монаму ба Русия наравам корамро боз давом дода ба мардуми деҳа хизмат менамоям. Чунки дар деҳаи мо талабот зиёд асту умуман ягон нафари дигар бо ин кор машғул нест ва сокинон барои таъмири пояфзолаш бояд ба маркази шаҳр раванд. Нақша дорам, ба шаҳрдор муроҷиат намоям, то ки мушкилиамро осон намоям, - иброз дошт Наргиса.

Деҳаи Хочи аъло дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ҷойгир буда, зиёда аз 4000 аҳолӣ дорад ва бо ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД