Formula novemver 2024
Наргиса Ҳакимова: Бо кӯҳнадӯзӣ ба фарзандони бепадарам нон медиҳам, вале...
1805


Дар деҳаи наздисарҳадии Хоҷаи аъло-и шаҳри Исфара зане зиндагӣ мекунад, ки бо кӯҳнадӯзӣ машғул аст. Наргиса Хакимоваи 42-сола соҳиби се фарзанд буда, ҳунари кафшдӯзиро аз шавҳараш омӯхтааст ва 23-сол боз мушкили ҳамдеҳагонашро осон намуда, туфливу кафшҳои кӯҳнаашонро аз нав дарбеҳу дуруст мекунад.

“Вақте, ки ман ба ин оила арӯс шуда омадам, шавҳарам кӯҳнадузӣ мекарданд. Дар вақҳои холигӣ ман ҳам ба он кас кӯмак мерасондам. Ҳамин тавр ин ҳунарро омӯхтам ва баъди марги шавҳарам бо кӯҳнадӯзӣ зиндагии худу фарзандонамро пеш мебарам”-мегӯяд Наргиса.
Шавҳараш аз дасти қирғиз кушта шуду...
Шавҳари Наргиса-Ҳусенйбой Ҳакимов соли 2019 дар 43-солагӣ дар яке аз ҷангҳои марзӣ аз ҷониби қирғизҳо кушта шудааст. Наргиса баъди марги фоҷиавии падари фарзандонаш дар зиндагӣ сахт шикаст хӯрда бошад ҳам, иродаашро аз даст надода, миёнашро маҳкам баст ва то ба имрӯз касби шавҳари раҳматиашро идома дода, ба ҳамин васила рӯзгорашро пеш мебарад.
-Таъмири пойафзол мавсим надорад, зеро мардум доим дар ҳаракат ҳастанд ва албатта кафшҳояшон фарсуда мешаванд, махсусан дар шароити деҳа, чунки кори қишлоқ зиёду роҳҳо ноҳамворанд ва пойафзол тез медарад. Аксари сокинони деҳаамон барои таъмир пойафзолашонро ба ман меоранд ва ман ҳам дар навбати худ ҳаракат мекунам, ки кафшҳояшнро дар муддати кӯтоҳ бо нархи дастрас таъмир карда диҳам. Музди корам аз 5 то 10 сомонӣ аст, вале ба ҳаминаш ҳам шукрона мекунам, ки туфайли ҳамин ҳунар як бурда нони ҳалол ёфта, ба фарзандонам медиҳам,-нақли зиндагиашро идома дода, афзуд Наргиса.
Наргиса барои босифат ва зуд ба анҷом расонидани кор ба мошинаи махсуси пойафзолдузӣ эҳтиёҷ дорад, вале имконияти харидани чунин мошинаро надорад. Аз маҷбурӣ вай дар хонаи истиқоматии худаш бо мошини чокдузӣ пойафзол медӯзад, ки бисёр ҳам мушкил ва заҳматталаб мебошад. Ин зан ба чандин ташкилоти ҷамъиятӣ муроҷиат карда бошад ҳам, касе мушкилашро осон накардааст.
-Ба ман гуфтанд, ки лоиҳа пешниҳод кунед. Ман барои харидани мошинаи пойафзолдузӣ ва ташкил кардан як сехи таъмири пойафзол дар деҳаи Хоҷаи аъло лоиҳа омода намуда пешниҳод кардам, вале намедонам аз чӣ сабаб бшад, ки лоиҳаам нагузашт,-мегӯяд Наргиса.
Барои Наргиса ягона воситаи даромаду пешбурди зиндагӣ ҳамин ҳунараш аст ва мехоҳад онро давом диҳад, чунки дар ягон ҷои дигар кору фаъолият карда наметавонад.
-Мехоҳам дар деҳа монам ва ҳамин корамро давом диҳам, чунки дар деҳаи мо талабот ба ин касб хеле зиёд буда, ягон устои дигаре нест, ки пойафзоли мардумро таъмир кунад. Ман, агар ба Русия коркунӣ равам, аҳли деҳа маҷбур мешаванд, ки барои таъмири пояфзолашон ба маркази шаҳр раванд. Аз ҳамин хотир нақша дорам, ба шаҳрдор муроҷиат намоям, то мушкили моро осон карда дар харидани мошини пойафзолдӯзӣ дасти ёрӣ дароз намоянд,-умедворона мегӯяд Наргиса.
Ёдрас мешавем, ки деҳаи Хочи аъло дар ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара ҷойгир буда, зиёда аз 4000 аҳолӣ дорад ва бо ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Умедворем, ки дар шаҳрдорӣ ба ин зан дасти ёрӣ дароз менамоянд, зеро дар сурати соҳиби мошини пойафзолдӯзӣ гаштан Наргиса мушкили аҳли деҳаро осон намуда, барои ҳамдеҳагнаш як хизматгори бе миннат хоҳад гашт.
Мадина Почоева
Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД