Formula novemver 2024
Нарафтани Черевченко ба Саудӣ ва хоҳиши мухлисон аз "Барқи тоҷик"
1142

Алишер Ҷалилов, сарвони тими «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар нишасти хабарии пеш аз бозӣ бо тими «Ал-Наср»-и Саудӣ гуфт, аз бозии дарпешистода интизориҳои зиёд доранд, зеро дар рӯ ба рӯи ситораҳои футболи ҷаҳонӣ вориди рақобат хоҳанд шуд

Ӯ гуфт, ин бозӣ барояшон душвор хоҳад буд, аммо онҳо тамоми нерӯи худро сарф хоҳанд кард, то як бозии хубро нишон диҳанд.

“Роналду, Мане ва ҳамдастагонашон дар ин бозӣ мушкилиҳои зиёд эҷод хоҳанд кард, лекин мо ҳам ба ин бозӣ тайёрии хуб дидаем. Таҷрибаи бозӣ бо дастаҳои чемпионати Арабистони Саудиро дорем, боварӣ дорам бозӣ бисёр ҷолиб ҷараён хоҳад гирифт”, - гуфт Ҷалилов.

Ёдовар мешавем, ки рақобат миёни дастаҳои «Ал-Наср»-и Арабистони Саудӣ ва “Истиқлол”-и Тоҷикистон, имрӯз 2 -юми октябр, соати 23:00 дар варзишгоҳи «Ал-Аввал Парк»-и шаҳри Риёз баргузор мегардад.

Бино ба иттилои расонаҳо, аз легионерҳои «Ал-Наср» муқобили «Истиқлол» Роналду, Ляпорт, Талиска, Брозович ва Фофанa бозӣ мекунанду Мане, Отавио ва Теллес дар ин бозӣ иштирок карда наметавонанд. Дар Лигаи Қаҳрамонҳои Осиё танҳо иштироки 5 легионери хориҷӣ ва 1 легионер аз Осиё иҷозат дода шудааст.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки Игор Черевченко, сармурабии дастаи «Истиқлол», бо баъзе сабабҳои номаълум ба Арабистони Саудӣ сафар накард ва дастаро дар бозӣ бо «Ал-Наср» ёвари ӯ Юрий Батуренко роҳбарӣ хоҳад кард.

Дар замина бозии мазкур мухлисони футбол аз роҳбарияти ҶСК “Барқи тоҷик” хоҳиш кардаанд, ки имшаб барои тамошои футбол онҳо соати 23:00 барқро хомӯш накунад, то ин ки мухлисон тавонанд футболи дастаи меҳанро тамошо ва дастгирӣ намоянд. Посухи “Барқи тоҷик” ҳанӯз дастрас нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД