Кормандони шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода аз наҷоти як пиразани тахминан 70 сола хабар доданд.
Тибқи маълумоти дафтари матбуотии ин ниҳод пиразан танҳо буда, бемору нотавон аст ва дар вақти хуруҷи беморӣ аз по афтидаву ҳолаташ вазнин аст ва дари хонаашро мустақилона боз карда наметавонад.
Вақте имдодгарон маълумот пайдо карданд, ки дари хонаи ин пиразан аз берун бо калид маҳкам намешавад ва ягона имкони боз кардани он аз дохили хона аст, аз ошёнаи чоруми бино аз тиреза вориди хона шуданд ва дарро боз карданд.
Онҳо пиразани дар ҳолати вазнин қарордоштаро фавран ба беморхона интиқол доданд. Айни замон ӯ дар беморхонаи шаҳрӣ бистарӣ буда, ба табобат фаро гирифта шудааст, хабар додааст кумита.