Намояндагони Сафорати Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18-уми январ ба Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Дар ин сафар намояндагони Кореяро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Давлатзода Қ., менеҷери лоиҳа Сафаров Д. ва дигар шахсони масъул ҳамроҳӣ намуданд.
Тавре Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар саҳифаи Телеграм хабар додааст, ҳадафи ташрифи намояндагони Кореяи Ҷанубӣ ба Маркази рушди малакаҳо дар Данғара ошно шудан бо шарту шароити марказ, рафти омодасозии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дастаҷамъона сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ мебошад.
Дар марказ дар баробари омӯзиши касбҳои ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй, инчунин омӯзиши забони куриёӣ ба роҳ монда шудааст. Забономӯзӣ ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик барои фаъолият намудан дар Кореяи Ҷанубӣ кумак мерасонад.