Arzon accountant
Намояндагони Бонки осиёии рушд дар ноҳияи Файзобод
473

Бо мақсади шиносоӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти тандурустии ноҳияи Файзобод ва натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” сафари расмии Ним Дордҷи, иҷрокунандаи алтернативии директори Бонки осиёии рушд ба ноҳияи Файзобод сурат гирифтааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҳайати гурӯҳ ҳамзамон Шенни Кэмпбелл, намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Смита Сарангӣ, мушовири директори иҷроияи Бонки осиёии шуд ҳузур доштаанд. Гурӯҳи кориро Ғафур Муҳсинзода, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Исфандиёр Маҳмудзода, менеҷери Гурӯҳи татбиқи Лоиҳа роҳбаладӣ намудаанд.

Ҳайати гурӯҳро Мансур Каримзода, раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифта, намояндагони Бонки осиёии рушд нахуст аз рафти корҳои сохтмонии иншооти тандурустии ноҳияи Файзобод, ки дар доираи маблағгузории Бонки осиёии рушд ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён дорад, дидан намудаанд.

Қобили зикр аст, ки дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмӯӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияи таҷрибавии Файзобод сохтмони маркази ташхису табобат, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ ва шуъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказии ноҳия ҷараён дошта, корҳои навсозӣ дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд.

Гурӯҳи корӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҷиҳати бо ин раванд ба итмом расонидани рафти корҳо ибрози назар намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД