Имрӯз, 15-уми майи соли 2025 маросими кушодашавии Намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар доираи лоиҳаи устувор ва овозадори “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар маҷмааи Кохи Борбад баргузор гардид, ки то 17-уми май идома хоҳад ёфт.
Дар маросими кушодашавии Намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ роҳбари ширкати “Тайрон” Шаҳноза Ҳамдамова, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтиёр Хайрулло, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Насимҷон Анваров ва дигарон иштироку суханронӣ намуданд.
Дар идома, иштирокдорону меҳмонони Намоиш-фурӯши маҳсулот аз ғурфаҳои ширкатҳои ватанӣ, ки давоми се рӯз маҳсулоти худро ба мизоҷон пешниҳод мекунанд, дидан намуданд.
Бояд гуфт, ширкати “Тайрон” соли ёздаҳум аст, ки дар заминаи сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастигирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Палатаи саноат ва савдои Тоҷикистон лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон”-ро роҳандозӣ менамояд. Имсол шарики рақамии лоиҳа ширкати TCELL мебошад.
Мақсади асосии лоиҳа дастгирии соҳибкорони тоҷик, тарғиби молу маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи мамлакат, ба вуҷуд овардани рақобати солим дар байни истеҳсолкунандагон, мусоидат намудан ба беҳтар шудани сифати маҳсулот ва саҳм гузоштан дар рушди иқтисодиёт ва саноат дар ҷумҳурӣ мебошад.
Дар доираи лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025» ширкатҳо имкон доранд молу маҳсулоташонро муаррифӣ намоянд, мавқеи худро дар бозор таҳким бахшанд ва эътимоди истеъмолкунандагонро баланд бардоранд.
Корхонаю ширкатҳои маъруфи кишвар, ки дар самти тавлиди молу маҳсулоти баландсифати ватанӣ ва соҳаҳои гуногуни хизматрасонӣ фаъолият менамоянд, дар ин намоишгоҳ ширкат варзида, молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба мизоҷон пешкаш менамоянд. Бурди асосии лоиҳа дар рақобати солим ва шафофияти он мебошад. Ба молу маҳсулоти иштирокчиёни лоиҳа истеъмолкунандагон баҳо дода, тамғаҳои писандидаи худро интихоб менамоянд.
«Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025» як имконияти беназир барои ширкатҳо дар баланд бардоштани эътироф, таҳкими эътимоди истеъмолкунандагон ва афзоиши талабот ба молу хидматҳои онҳо мебошад.
“Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” як платформаи беназири рушди тиҷорат ва бренд буда, бо мақсади маъмул гардонидани молу хизматрасониҳои ватанӣ ва таҳкими эътимоди истеъмолкунандагон ба роҳ монда шудааст. Озмун соли ёздаҳум аст, ки баргузор гардида, ҳамчун як чорабинии васеъмиқёси маркетингӣ ба ширкатҳо барои баланд бардоштани мавқеашон дар сатҳи миллӣ кумак мерасонад.
Аз намоишгоҳи мавриди назар ҳамасола қариб 100 ҳазор нафар боздид мекунанд. Давоми 11 соли амали озмун зиёда аз 500 корхонаю ширкатҳо ҳамчун иштирокчии ин лоиҳаи маъруф ба қайд гирифта шуда, 70% ширкатҳо бозори фурӯши худро васеъ карданд.
Имсол дар “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” 32 ширкату корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла “Пайкар”, “Баҳор”, “Файзи Расул”, “Эмир”, “Амирӣ”, “Шири Душанбе”, “Шоколатье”, “Молочная радость”, “Мурғи байзо”, “София“, “Наҷот”, “Сардор”, “Килк”, “Ороди фатир”, “Авесто”, мағозаи “Беҳрӯз”, “GMP”, “Nets”, “ Mehnat”, “Niso”, “Қолинҳои миллат”, “Қолин-сервис”, “Рамис”, “Арвис”, “Зира”, “Соса-Соla”, “Акома”, “Арома-Коко” ва дигарон ширкат меварзанд ва молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро бо нархи яклухт ба мардум пешкаш менамоянд. Харидорон аз ин намоишгоҳ навъҳои гуногуни маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла орд ва маҳсулоти ордӣ, равған, қанду шириниҳои лазиз, пистаю бодом, маҳсулоти ширӣ, қаймоқ, сметана, намудҳои гуногуни гӯшти мурғ, ҳасибу ҳасибча, шарбату обҳои газнок, маҳсулоти хушсифати косметикӣ, атру хушбӯиҳо, маводҳои шустушӯӣ ва қолинҳои хушсифати истеҳсоли ватаниро бо нархи дастрас харидорӣ карда метавонанд.
Лоиҳа-озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” санаи 16-уми майи соли 2025 дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, корпусҳои дипломатӣ, сафирони хориҷӣ ва дигар меҳмонони олиқадр ба таври тантанавӣ ҷамъбаст шуда, ғолибон соҳиби ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” мегарданд.