Formula novemver 2024
НАМЕДОНАМ ЧӢ МЕХОҲАМ?
25.03.2021
ОИЛА
3098

Шояд ба бӯҳрони миёнасолӣ гирифтор шудаам, ҳама чиз қаҳрамро меорад -кор, дӯстон, шавҳарам… Намедонам чӣ мехоҳам? Ҳеҷ чиз шодам намекунад. Дигарон бошанд, мегӯянд, ки ҳаёт гуворо аст. Дустонам осонакак тағйири кор мекунанд, ба кинову консертҳо ва ҳатто ба хориҷа мераванд.Маро гӯё пойбанд кардаанд, карахтаму ҳавсала надорам. Бо ман чӣ шудааст?
Мехрона, 30- сола

Маслиҳат:
Чун қоида, вақте шахс «ҳеҷ чиз хурсандам намекунад», мегӯяд, ин маънои онро надорад, ки ӯ роҳҳои қаноатманд
сохтани худро намедонад. Мушкилот дар он ки имкониятҳои
амалисозии орзуҳояшро намебинаду фикр мекунад: «Аз кор
равам? Не, бе пул мемонам. Ҷудо шавам? Не, танҳо монданро таҳаммул карда наметавонам». Вақте ки 20 сол доштед, ҳама роҳҳо ба рӯятон кушода буд ва шумо осонакак якеашро интихоб кардед. Дар 30 ва аз он боло душвор аст, баргаштагар донед, ки ба ҷои мехостагиатон нарафтаед. Аз «мондан»-ҳо натарсед, дуру дароз андеша накунед, хулосаҳои нодуруст бароварда, ғамнок нашавед. Албатта, яку якбора корро ҳисобӣ накунед ё аз шавҳаратон наравед, ба атроф нигаред, умед ба рангорангии ҳаёти худ бандед. Албатта чизи аҷоиб пайдо мекунед ва норозигиҳо бартараф мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД