Arzon march 2024
Нахустнамоиши филми «Ширин» дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров
30.09.2024
ОИЛА.ТҶ
1195

Рӯзи 2-юми октябри соли равон соати 17:00 дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми “Ширин” баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм», дар таҳия ва наворбардории филм гурӯҳи эҷодию техникӣ ва ҳунарпешаҳои маъруфи Тоҷикистон ҷалб гардидаанд.

Филми дар жанри драмаи оилавӣ эҷод шуда, дар бораи ҳаёти оилавии Ширину Саид қисса мекунад. Ҳаёти орому осудаи оила пас аз рӯйдоде ба зиндагии пурихтилоф мубаддал мегардад. Дар гирудори зиндагӣ барои қаҳрамони асосии филм - Ширин чеҳраи воқеии наздиконаш ҳувайдо мегардад. Муҳаббат ва тифли бегуноҳ сабаби наҷоти оила мегарданд.

Гуфта мешавад, ки ин нахустин филми коргардони ҷавон Умеда Турсунова буда, бо ин маҳсули эҷодӣ мехоҳад ба олами синамо ворид гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД