formula feb 2025
Нахустин заминаи инноватсияҳо
29.01.2025
ОИЛА.ТҶ
391

Ҳар қадаре, ки шаҳр калон бошад, ҳамон қадар истифодабарандагони хизматрасониҳои телекоммуникатсионӣ дар он зиёданд ва талабот ба ин хизматрасониҳо низ баландтар аст. Пойтахт, ки дар он беш аз 12% тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, таваҷҷуҳи хоси операторонро тақозо мекунад. Чӣ гуна бояд интизориҳои онҳоро қонеъ кард ва ба истифодабарандагони фаъоли интернети мобилӣ кадом хизматрасониҳои рақамии инноватсионӣ пешниҳод карда мешаванд? Мо якҷоя бо Далер Наимов директори Раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар ш.Душанбе ва НТМ натиҷаҳои «соли телекоммуникатсионӣ»-и сипаришавандаро ҷамъбаст мекунем.  

 

- Душанбе - шаҳри бовусъат рушдёбанда буда, аҳолиаш аз як миллион зиёд аст. Дар ин ҷо сифати хизматрасониҳои алоқаро чй тавр таъмин кардан мумкин аст?  

 

- Албатта, ин як ҳудуди мушаххас аст. Аммо дар бораи дилхоҳ дигар маҳал низ чунин метавон гуфт. Раёсати минтақавии мо на танҳо дар шахри Душанбе, балки дар ноҳияҳои тобеи марказ низ кор мекунад, ки он ҷо аксар вақт дар маҳалҳои хурди аҳолинишин алоқаро таъмин кардан лозим меояд. Бинобар хусусиятҳои   мураккаби кӯҳсор дар ноҳияҳо, зарурати пайдо кардани роҳҳои техникиву ғайристандартии иҷрои корҳо ба миён меояд. Масалан, гузаронидани кабелҳои нахӣ-нурӣ ё насби истгоҳҳои базавии (ИБ) иловагӣ бояд тавре анҷом ёбад, ки мавҷ ба деҳаҳои пушти кӯҳ низ бирасад. Душанбе, пеш аз ҳама, зичии зиёди ахолӣ дорад. Аз ин рӯ, таҷҳизоти дорои қобилияти баланди гузариш бояд ба кор бурда шавад. Зимнан, дар ин ҷо ҳам вариантҳо мавҷуданд, ки ИБ иловагӣ мувофиқи принсипи насби дар НТМ татбиқшаванда гузошта мешаванд. Фақат мо на кӯҳ, балки масалан, бинои нави маркази савдоро, ки ба радиосигнал халал мерасонад, «давр зада мегузарем».  

 

Хусусияти дигари шаҳри Душанбе, ба мисли дигар  шаҳрҳои калон, дар теъдоди зиёди корбарони фаъоли интернет, ки ба дастрасии баландсуръат ниёз доранд, ифода меёбад. Бо назардошти дархостҳои онҳо, мо ба рушди шабакаи 4G таваҷҷуҳ дорем. Ҳоло ширкати «МегаФон Тоҷикистон» танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 240 истгоҳи базавӣ дорад ва ҳамаи онҳо стандарти баландсуръати алоқаи 4G/LTE-ро дастрас менамоянд. Дар соли 2024 шабакаи ширкат бо 100 майдони нави ИБ  насли чорум пурра гардид ва тахминан 40% онҳо дар шаҳри Душанбе ҷойгиранд.  Дар НТМ мо наздики 400 истгоҳи базавӣ дорем, ки 300-тои онҳо муштариёнро бо интернети 4G таъмин мекунанд. Аз ин ҷиҳат, сатҳи хизматрасониҳо дар бисьёр ҷойҳо аз пойтахт фарқе надорад, яъне тамоми сервисҳои рақамии дар Душанбе истифодашаванда он ҷо дастрасанд.  

 

- Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аксар вақт, махсусан дар фасли зимистон, нерӯи барқ ​қатъ мегардад ва дар шаҳрҳо низ хомӯшшавии қувваи барқ дида мешавад. Аммо шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” дар чунин ҳолатҳо кор мекунад. Ин чӣ тавр ба шумо муяссар мегардад?    

 

- Аз ҳисоби генераторҳои дизелӣ ва аккумуляторҳо. Онҳо дар сурати қатъшавии манбаъҳои берунии нерӯ ба таври автоматӣ ба кор медароянд. Дар ҳудуди мансуб ба раёсати минтақавии мо зиёда аз 190 дастгоҳи дизелӣ гузошта шудааст. Ғайр аз ин, соли гузашта мо ба таври васеъ ивазкунии батареяҳои аккумуляториро ба аккумуляторҳои нави литийдор шуруъ намудем. Онҳо назар ба батареяҳои пештара чор баробар иқтидори зиёдтар доранд. То моҳи январ чунин ивазкунӣ тахминан дар 50 истгоҳи базавӣ анҷом дода шуд.      

 

- Оё муштариён дар Душанбе ва НТМ ба тарофаҳо афзалияти махсус медиҳанд?

 

- Онҳо ба тарофаҳое таваҷҷуҳ доранд, ки трафики интернети бештарро дар бар мегиранд. Мо тарофаи созанда бо номи «Бисоз Life» дорем, ки дар он муштариён мустақилона бастаи хизматрасониҳоро интихоб мекунанд. Онро метавон бо гирифтану дар сабад гузоштани маҳсулоти писанди худ дар супермаркет муқоиса кард. Ва бисёре аз муштариён ҳаҷми бештари Интернетро интихоб менамоянд. Тасмими мазкур фаҳмост, зеро он барои ҳалли бисёр масъалаҳо, аз ҷои нишаст, имкон медиҳад. Масалан, ҳарчи бештар сокинони кишвар барои харид ба мағозаҳо намераванд, балки маҳсулоти лозимии худро дар маркетплейсҳо фармоиш медиҳанд. Ин воқеияти нави рақамиест, ки бо иштироки фаъолонаи ширкати мо ба амал меояд.     

 

- Кадом хизматрасониҳоро худи МегаФон Тоҷикистон таҳия менамояд?

 

  • Мо платформаи рақамӣ (digital)-и худро дорем, ки дар он даҳҳо чунин хизматрасониҳо гирд оварда шуданд. Ин “MeгаФон Life аст. Он аз як замимаи муқаррарии мобилӣ ба Superapp-и нодири функсионалӣ табдил ёфт. Ман ҳатто ҳамаи сервисҳоро номбар намекунам. Танҳо соли гузашта дар он имкониятҳои нав, аз қабили барасмиятдарории суғуртаи автомобил ва гирифтани қарз ба таври онлайн, бидуни ташриф ба ташкилоти молиявӣ ё суғуртавӣ, роҳандозӣ гардиданд. Хизматрасонии махсус барои ронандагони такси илова карда шуд. Баъзе хизматрасониҳои пештар ҷоригардида мукаммал карда шуданд. Ҳамин тариқ, дар қисми «Дорухона» сокинони шаҳри Душанбе метавонанд аксҳои дорухатҳоро гузошта, доруҳои заруриро фармоиш диҳанд.   Зимнан, дар Душанбе корбарони “МегаФон Life” метавонанд маҳсулотро аз супермаркети “Пайкар” бо бурдарасонӣ ба хона фармоиш диҳанд. Аммо бояд қайд кард, ки лоиҳаҳои дар пойтахт оғозшаванда бо мурури замон байни муштариёни саросари кишвар паҳн мегарданд. Гуфтан мумкин аст, ки Раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ заминаест, ки дар он бисёри технологияҳои нав ва маҳсулоти рақамии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” фаъол мегарданд. Ҳар пешниҳоду имконияте, ки мо дар соли 2024 фароҳам овардем, барои рушди минбаъдаи муҳити муосири рақамӣ (digital) дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон асос мешавад.    1_8

Стартовая площадка инноваций

Чем крупнее город, тем больше там пользователей телеком-услуг – и выше требования к ним. Столица, где постоянно проживает более 12% всех граждан Таджикистана, требует особого внимания операторов. Как отвечать их ожиданиям и какие инновационные цифровые сервисы предлагают активным пользователям мобильного интернета? Подводим итоги минувшего «телеком-года» вместе с директором регионального управления по г. Душанбе и РРП компании «МегаФон Таджикистан» Далером Наимовым.

- Душанбе – миллионный растущий город. Как здесь удаётся обеспечивать качество телеком-услуг?

- Разумеется, это специфичная территория. Но так можно сказать практически про любую. Наше региональное управление работает не только в Душанбе, но и в Районах республиканского подчинения, там зачастую нужно обеспечивать связью небольшие населённые пункты. Из-за сложного горного ландшафта в районах приходится находить нестандартные технические решения. К примеру, прокладывать оптоволоконные кабели или устанавливать дополнительные базовые станции (БС), чтобы сигнал доходил до селения, расположенного за горой. Душанбе – это прежде всего высокая плотность населения. Требуется оборудование, обладающее большой пропускной способностью. Но и тут бывают варианты, когда дополнительные БС устанавливаются по тому же принципу, как в РРП. Только «обходим» мы не гору, а, например, здание нового торгового центра, которое мешает радиосигналу.

Ещё одна особенность Душанбе, как и любого крупного города, – высокая доля активных интернет-пользователей. А им нужен скоростной доступ. Отвечая их запросам, мы делаем акцент на развитии сети 4G. Сейчас у компании «МегаФон Таджикистан» только в Душанбе более 240 базовых станций, и все они поддерживают скоростной стандарт связи 4G/LTE. В 2024 году сеть компании пополнили 100 новых площадок БС четвёртого поколения, и порядка 40% из них находятся в Душанбе. В РРП у нас около 400 базовых станций, из них 300 обеспечивают абонентов 4G-интернетом. В этом отношении во многих местах нет различий со столицей – доступны те же цифровые сервисы, что и в Душанбе.

- В горных районах периодически возникают перебои с электроэнергией, особенно зимой. Да и в городах случаются отключения электросетей. Но сеть «МегаФон Таджикистан» в это время работает. Как вы этого добиваетесь?

- За счёт дизельных генераторов и аккумуляторов. Они запускаются автоматически, если отключаются внешние электросети. На территории нашего регионального управления установлено более 190 дизелей. Кроме того, в прошлом году мы начали масштабную замену аккумуляторных батарей на новые, литиевые. Они в четыре раза мощнее аккумуляторов прежнего образца. К январю провели такую замену примерно на 50 базовых станциях.

- Есть ли у абонентов в Душанбе и РРП особенные предпочтения в части тарифов?

- Им интересны тарифы, включающие больше интернет-трафика. У нас есть тариф-конструктор «Создавай Life», где абоненты самостоятельно собирают пакет услуг. Можно сравнить с тем, как мы складываем в корзину товары в супермаркете. И многие абоненты выбирают большой объём интернета. Это понятно: он позволяет решать многие вопросы, буквально не сходя с места. Например, всё чаще жители страны не ходят по магазинам, а заказывают нужные вещи на маркетплейсах. Это новая цифровая реальность, которая создаётся при самом активном участии нашей компании.

 

- Какие цифровые сервисы разрабатывает сам МегаФон Таджикистан?

 

- У нас есть собственная digital-платформа, где собраны десятки таких сервисов. Это «МегаФон Life». Он проделал эволюцию от обычного мобильного приложения до уникального по функционалу Superapp. Даже не буду перечислять все сервисы. Только в прошлом году там появились такие новые возможности, как оформление автостраховки и получение кредитов онлайн, без визита в финансовую или страховую организацию. Был добавлен специальный сервис для таксистов. Усовершенствованы некоторые ранее запущенные услуги. Так, в разделе «Аптека» жители Душанбе теперь могут загружать фото рецептов, чтобы заказывать нужные лекарства. Кстати, в Душанбе пользователям «МегаФон Life» доступен и заказ на дом продуктов из сети супермаркетов «Пайкар». Но подчеркну: проекты, которые запускаются в столице, со временем приходят к абонентам по всей стране. Можно сказать, что региональное управление по городу Душанбе и РРП – это стартовая площадка, где начинают жить многие новые технологии и цифровые продукты компании «МегаФон Таджикистан». И то, что было сделано нами в 2024 году, станет основой для дальнейшего развития современной digital-среды во всех регионах Таджикистана.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД