Набиҷон Пирматов, продюссер ва ҳунарманди ҷавону шинохтаи тоҷик ба хотири боздид аз мавзеъҳои ҷангзада ва изҳори ҳамдардию ҳамдилӣ ба зарардидагони ҳамлаи қирғизҳо ба сарзамини тоҷик ба шаҳри Исфара сафар кард.
Набиҷон Пирматов дар баробари прдюссер буданаш ҳамзамон роҳбари ютубканали Zamonavi Media буда, рӯзи гузашта дар ютубканали худ навореро пахш кард, ки сафараш ба мавзеъҳои ҷангзадаи Ворух бардошта шудааст. Тавре ки аз навор дида мешавад, Набиҷон бо аҳли гурӯҳаш аз шаҳри Хуҷанд молҳои ниёзи аввалро барои 10 оила, ки аз ҳама зиёни бештар диданд, харидорӣ карда ба яке аз деҳаҳои назди сарҳадии “Овчи Қалъача” мебаранд ва аз номи худ ва аз номи кулли тамошобинони ютубканали Zamonavi Media ба зарардидагони ин ҷанги хунин месупоранд.
Бевосита ҳангоми додани маводҳои ниёзи аввал шахсан худи Набиҷон иштирок дошт ва яке аз хонаводаҳое, ки ин ҷавони ҳунарманд бо ҳамкоронаш ба онҳо кӯмак кард, оилае буд, ки аз 30 нафар иборат будааст. Ин оила 30 сол боз дар ин деҳа зиндагӣ мекардаанд ва манзили зисти онҳоро рӯзи 16-сентябр бо миномёт тарконидаанд. Хушбахтона касе аз аҳли ин оила зарари ҷонӣ надидааст.
Яке аз аъзоҳои ин оилаи бо касофавти ҳамлаи қирғизҳо бе хонаву дар гашта мегӯяд, пештар онҳо бо ҳамсояҳои қирғизашон муносибати хуб дошта, мисли хешу табор буданд ва ба хнаҳои ҳамдигар рафту омад мекарданд, вале се рӯз пеш аз ҷанг онҳо ҳамаашон баромада рафтанд. Онҳо гумон карданд, ки ба кор мераванд, аммо баъди ҳамлаи қирғизҳо фаҳмиданд, ки ҳамсояҳояшон аз ҷанг хабар доштаанд.
Дар охири навор аъзоёни оилаҳое, ки ба онҳо кӯмак расонида шуд миннатдории хешро ба Набиҷон Пирматов ва ҳамрҳнаш мерасонанд.