То ҳол вақте ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид мешавем, бо хабар ё навори марги Мустафо Замонӣ, ҳунарманди 39-солаи эронӣ, ки дар силсилафилми “Ҳазрати Юсуф” нақши паёмбар Юсуфро бозидааст, рӯ ба рӯ мешавем.
Бисёриҳо гумон мекунанд, ки дар ҳақиқат ҳунарманди дӯстдоштаи онҳо вафот кардааст, аммо дар асл он хабарҳо овозае беш нестанд ва асоси воқеӣ ҳам надоранд. Мустафо Замонӣ зиндаву саломат аст ва дар ин шумора мехоҳем, ки хонандагони кунҷкоби ҳафтаномаи “Оила”-ро бо зиндагии ин ҳунарманди воқеан ҳам боистеъдод ва дӯстдоштанӣ ошно созем.
Зиндагинома
Мустафо Замонӣ 21-уми июни соли 1982 дар шаҳри Фаридун-Канори музофоти Мозандарони Ҷумҳурии исломии Эрон, дар оилаи Сиёвуш Замонӣ ва Фотима Замонӣ дида ба олами ҳастӣ боз намудааст. Ӯ фарзанди калонии оила буда, аз худ хурд ду бародар ва як хоҳари дигар дорад. Мустафо ҳеҷ интизор набуд, ки рӯзе ҳунарманд мешаваду дар тамоми дунё маъруфу машҳур мегардад. Вай дар риштаи мудирияти саноатии донишгоҳ таҳсил мекард ва дар як ширкати на он қадар бузург ба ҳайси муҳосиб фаъолият дошт.
Тарс аз кастинг
Рӯзе Мустафо шунид, ки барои иҷрои нақши Юсуф дар филми “Ҳазрати Юсуф” кастинг баргузор шуда истодааст, аммо ҳеҷ ҷуръат намекард, ки аксашро равон карда, худро номнавис кунад. Дӯсти Мустафо аз ӯ пинҳонӣ расмеро ба Фараҷуллоҳ Силаҳшӯр, муаллифи сенария ва коргардони филми мазкур ирсол кард. Оғои Силаҳшӯр бо дидани чеҳраи нуронии Мустафо аз дил гузаронд, ки нафари мекофтаашро ёфтааст. Ҳамин тавр, Мустафо тарсону ҳаросон ҳамроҳи дӯсташ ба кастинг омад ва бо хоҳиши коргардон саҳнаи бо фармони Зулайхо дар зиндон шиканҷа шуданашро иҷро кард.
Аз Мустафо беҳтаре нест...
Ба Мустафо гуфтанд, ки агар аз ӯ беҳтареро пайдо кунанд, нақши Юсуфро аз дасташ мегиранд ва агар нафари арзандатаре пайдо нашавад, худи ӯ нақшро иҷро мекунад. Мутаассифона, аз миёни тақрибан 3 ҳазор нафар касе пайдо нашуд, ки ба нақши Юсуф паёмбар мувофиқ бошад. “Ҳастанд нафароне, ки чеҳраи зебо надоранд, вале самимиянду бо эҳсоси кас бозӣ карда метавонанд. Барои коргардон шахсе лозим буд, ки ҳам зоҳиран зебо бошаду ҳам ботинан самимӣ. Дар боби зебоӣ худро аз дигарон боло намегузорам ва фикр мекунам, ки маро маҳз барои ранги чашмону самимиятам ба ин нақш пазируфтанд”,-нақл мекунад Мустафо Замонӣ.
“Ҳазрати Юсуф” дар Тоҷикистон
Наворбардории силсилафилми “Юсуф паёмбар” тирамоҳи соли 2001 шурӯъ шуд ва Мустафое, ки аз кӯчаи ҳунармандӣ гузар накарда буд, дар як ҳафта ба кор одат кард. Ӯ, ки дар бораи қаҳрамони худ китобҳои зиёдеро мутолиа карда буд, дар иҷрои нақш он қадар душворӣ намекашид. Билохира, филм пурра омрда гашту моҳи декабри соли 2008 онро бори нахуст ба намоиш гузоштанд. Силсилафилми мазкур дар кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон машҳур гашт ва мардум ба ҳунармандони он дил бохтанд.
Як гулу сад харидор
Мустафо Замонӣ, марде, ки ба ҳар як тори мӯяш даҳҳо духтар овезон аст, моҳи июни имсол 39-сола шуд. Синну солаш ба 40 наздик шуда бошад ҳам, то кунун оиладор нашудааст. Ӯ мақоли “як гулу сад харидор”-ро ба хотир меорад. Вай умед дорад, ки ҳамсари ёфтааш ба падару модараш низ писанд меояд. “Боварӣ дорам, ки интихоби ману волидонам бо ҳам мувофиқат мекунад. Агар дар насибам хонадор шудан бошад, умед ба Худо дорам, ки ҳамсарам низ волидонамро эҳтиром мекунад ва муносибати мо халалдор нахоҳад шуд”,-мегӯяд оғои Замонӣ.
Филмнома
Мустафо Замонӣ ғайр аз силсилафилми “Юсуф паёмбар” (2008), боз дар силсилафилмҳои дигаре ба монанди “Дар чашми бод” (2008), “Шаҳрзод” (2015-16) ва “Шаҳрзод-2” (2017) низ нақш офаридааст. Шумораи филмҳояш бошад, то имрӯз ба 17 адад мерасанд, ки “Падрӯд, Бағдод” (2009), “Париноз” (2010), “Қиссаи содаи ошиқона” (2010), “Ман бо ҳамсарам” (2011), “Оина” (2012), “Ҷомадарон” (2013) ва “Моҳии сиёҳи кучулу” (2014) намунае аз филмҳои нақшофаридаи Замонӣ мебошанд.