26-уми апрели соли 2025 дар Қасри тенниси шафати Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе шашумин Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор мегарад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 108 паҳлавон аз 25 кишвар дар вазнҳои 65 кг, 78 кг, 95 ва +95 барои мақомҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат менамоянд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 20 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Духтарон танҳо дар вазни то 70 кг бо ҳам ҳунарнамоӣ мекунанд.
Ҷоизаи умумии мусобиқа 110 ҳазор долари амрикоиро ташкил медиҳад. Ғолибони мақоми аввал соҳиби 10 ҳазор доллар, ҷойи дуюм соҳиби 5 ҳазор доллар ва мақомҳои сеюм сазовори 2 ҳазору 500 доллари амрикоӣ мегарданд.
Мусобиқа дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, таъмини оммавияти варзишу солимгардонии сокинони пойтахт ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида мешавад.