arzon replenishment
Муштзанони тоҷик дар Боку 3 медали биринҷӣ гирифтанд
301

Мусобиқаи бузурги "Роҳи абрешим" дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон ба охир расид.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар мусобиқаи мазкур беҳтарин муштзанҳо аз 9 кишвар - Озарбойҷон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Камбоҷа, Черногория, Қирғизистон, Гурҷистон, Русия ва Қазоқистон иштирок карданд. 200 муштзан барои 20 маҷмӯи медалҳо мубориза бурданд. Имрӯз ғолибони мусобиқа муайян шуданд.

Аз Тоҷикистон Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг) ва Руслан Ғафуров (63,5 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуданд.

Ҳайати бокси Тоҷикистонро дар мусобиқа 8 муштзан - Муродҷон Ашӯралиев (71 кг), Хусравхон Раҳимов (57 кг), Анӯшервон Фозилов (54 кг), Акмал Убайдов (60 кг), Руслан Ғафуров (63,5 кг), Меҳрон Шафиев (51 кг), Меҳроҷ Суфиҷонов (51 кг) ва Шукрат Саломатов (67 кг) зери роҳнамоии мураббиҳо Алӣ Бобоҷонов ва Муҳаммадҷон Ташахунов ташкил медоданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД