arzon replenishment
Мурдаи марди занбоз бесоҳиб монд
28.03.2022
ОИЛА
2020

 

Мӯйсафед дар хараки кӯҷнаи назди бинои истиқоматияш маҷзуну зор менишаст, сагаш наздаш ҷалқа зада мехобид ва ба кӯдакони дар гирду атрофаш бозӣ мекардагӣ бо ҷавас менигарист.

Як замоне ин ҷо писараку духтари вай ҷам бозӣ мекарданд, оилаи онҷоро дар бино чун оилаи зиёӣ мешинохтанду ҷурмат мекарданд. Мард дар коллеҷҷи ҷарбӣ дарс медоду занаш мураббияи боғчаи бачаҷо буд, аммо касе аз ҷоҷилии ин марди костюмпуши интилигент ва азоби зани харобинаи миллипӯши мудом парешон чизе намедонист. То он даме, ки…

                             Худшефта

Дамир дар хонадоне ба воя расида буд, ки серфарзанд буду нонро ба серӣ намедиданд. Модараш ҷамеша хӯрокҷои бегӯшту камравғане мепухт, ки маоши шавҷари муаллимаш то моҷи дигар расад. Дамир ҷамеша либоси кӯҷнаи бародаронашро пӯшида калон шуду дар дил ният кард, ки сарашро ба сангҷо зада бой мешавад ва чӣ гунае хоҷад, мехӯраду мепӯшад. Аммо сарнавишту ризқи ҷар инсонро Худо муайян мекунад, ҷама талошҷои Дамир барои миллионер шудан бефоида анҷом ёфтанд. Аз кӯҷистон ба пойтахт омада, ба сериву гуруснагӣ тоқат карда хонд, чун ҷусни казоӣ надошту оилаашон низ камбағал буд, касе ӯро домод гирифтан ҷам нахост. Падараш бо зориву зӯрӣ як хешдухтари калонсолашро, ки аз Дамир се сол калон буд, келин кард. Аввалҷо онҷо дар хобгоҷ мезистанд, баъд бо қарзу қавола дар як гӯшаяки шаҷр як хонаи якҷуҷрагии кӯҷнаякаро харидорӣ намуду зан ва ду фарзандашро ба ин ҷо овард. Дамир як марди ҷоҷили худшефтае буд, ягон касро аз худаш боло намедонист. Ҷама барои вай бахилу нотавонбину ҷамин гуна паст, вай бошад беҷамто! Беҷамтое, ки қадрашро намедонанд, ӯ дар коллеҷи ҷарбӣ муаллимӣ мекард, вале ҷар гуна тиҷоратҷо мекушод то роҷи дигари даромадро ёбад, вале ҷеҷ не, ки якаш ду шавад. Ҷамсари бечораашро ба чӣ корҷое ҷалб накард, кабудӣ ҷам фурӯхту майдафурӯшӣ ҷам кард. Дар як кошонаи ҷусн машшотагӣ омӯхт, вале кораш барор накард. Оқибат ӯро ба коллеҷи педагогӣ дохил карду дар боғчаи бачаҷо мураббия монд. Маоши гирифтаи занашро тин ба тин ҷисоб карда мегирифт, бечора ҷадде надошт, ки овоз баланд кунад. Вале барои худаш ягон чизро дареғ намедошт, арзонбаҷо бошад ҷам, либосҷои зиёд мехарид. Як мошини кӯҷнаяки фарсудае ҷам дошт, ки онро аз занаш зиёдтар дӯст медошту ҷар рӯз кораш пеши усто рафтан буд. Баъзан бечора занак нимғурма мегуфт:

-О ҷамина фурӯхта, боз як қарзу қавола карда навтараша харед, охир аз пули таъмири ин як мошини дигар мехаридед,- дар ҷавоб Дамири худшефта лагаде ҷониби занаш мепартофт ва он лагад ба куҷое, ки расад…

                           Хонашери майдонғариб

Дамир бисёр бахил буд ва аз пешрафти дигарон дар гирифта, аламашро аз зани бечорааш мегирифт. Гуландом то метавонист дар ин ҷолатҷо худашро аз шавҷараш дур мегирифт, вале аз чанги ӯ ҷойи гурез надошт. Кӯдаконаш ҷам аз падари ҷамеша хашмгинашон метарсиданд, оҷиста-оҷиста асаби Гуландом вайрон шуду дар худ фурӯ рафт. Дигар он Гуландоми чақкону парон набуд, бо як азоб кор рафта меомад. Дар ин миён Дамир бо зани аз худаш бисту панҷ сол калон рост гирифт. Ин зан тоҷир буд ва Дамираки нодида ба хотири пулу молаш чун гурба худашро ба кафшҷои ӯ мемолид. Дар назди ин кампираке, ки аз зарби уколҷои зебоӣ пӯсти рӯяш ба пӯсти доира шабеҷ буду лабу даҷонаш аз дасти кашидани пӯст каҷала шуда буданд, марди мардон набуд. Ба садои ӯ лаббай мегуфт, ба умеде, ки луқмаяки равғание ба наздаш партояд. Занаш чанд бор бо телефон гап задани онҷоро шунида, рақами занро пайдо карда, аз ӯ пурсид, ту кӣ ҷастӣ, ки нимаҷои шаб ба шавҷари ман занг мезанӣ?! Дамир қиёмате барпо кард, ӯ Гуландомро чунон лату кӯб кард, ки як ҷафта болои ҷогаҷ монд, боз ҷар рӯз таҷқир карда мегуфт: “Агар туро ман намегирифтам, дар қишлоқ пӯсида мегаштӣ, ту пир шуда будиву касе намегирифтад, ту Худо бигӯй, ки ман туро одам кардам”. Гуландом ба ин ҷама тоқат накарда, доруи бисёре хӯрда, як ҷафта дар беморхона беҷуш хоб рафту баъд ҷони ҷабрдидаашро ба ҷонофарин супорид. Дамири лаънатӣ аз об хушк баромад, зеро ба духтурон гуфт, ки ҷамсараш солҷо боз ноҷурии равонӣ дошт. Падару модари Гуландом набераҷояшонро бо худ бурданд, зеро кӯдакон хуб медонистанд, ки падарашон қотили модар аст. Судбозиҷои Дамир ба хотири ба худ гирифтани фарзандон фоидае накард, духтараш Ёсаминро холааш ба тарбияаш гирифту Аъзамшоҷро бошад, тағояш. Дамир дар хона танҷо монд, кампираки “силиконияш” алфонси нав ёфта, ӯро аз зиндагияш ронд ва Дамир дар миёни замину осмон танҷо монд. Падару модараш аз дунё гузашта буданду фарзандони падараш ба ӯ меҷр надоштанд, зеро ин худхоҷ ҷамеша бо онҷо ҷангу ҷидол мекарду рафтуомади хубе ҷам надоштанд.

                     Марги ҷоҷил

Оҷиста-оҷиста ин марди ҷоҷил ба бемории равонӣ печид, аз ҷойи кораш ӯро бо сабаби беморӣ ронданд. Сарвари коллеҷ марди хубе буду ҷуҷҷатҷои ӯро тахт карда, ба нафақааш баровард. Дамир аз кӯча як саги бесоҷибро ёфта, ба хонааш овард, акнун ягона дӯсту вафодораш Алберт буд. Мард рӯзҷои дароз ҷамроҷи ӯ кӯча ба кӯча гашта, ба ҷонвар рози дил мекард, ки занам худашро кушт, маъшуқаам аз ман рӯй гардонд, кӯдаконамро кашида гирифтанд, ман бо саводи оливу ақли дунёгирам ба ҷама нодаркор шуда мондам. Ана ҷамин хел, Алберт ҷӯраҷон, хайрият, ту ҷастӣ… Аз ҷамсояҷои пешина дар ин бинои кӯҷнасохт касе намонда буд, бошандагони нав ба ин марди ҷамеша худ ба худ гап мезада аҷмият намедоданд. Касе ба ӯ кор надошт, Дамир баъзе шабҷо то рӯз мегирист, Алберт дасту пойҷои чиркини вайро лесида «тасаллояш» медод. Чанд рӯз марди девонавзо аз хона набаромад, ин касеро ба ташвиш наовард, аммо вақте бӯйи бад роҷравҷои биноро фаро гирифт, бошандагон милисаро хабар карданд. Кормандони милиса ва раиси маҷалла дари хонаи Дамирро шикаста, вориди он шуданду ҷама бо остинҷояшон даҷонашонро пӯшиданд. Чӣ манзараи ваҷшатовар, Дамир бо чашмону даҷони во якпаҷлӯ мехобиду поёни пояш мурдаи Алберт…

Чунин буд фарҷоми умри як марди бахилу ҷасуд ва ҷоҷили занозор…

                                                                        Ҷилола

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД