arzon replenishment
МУРДАФУРӮШ (ҚИСМИ 4)
08.01.2021
Дилошуб
4803

идомааш...

Таъсири садамаи рӯҳии вазнин буд ё ҳирси молпарастӣ, ки Аҳмад хотираи поки Латифаи меҳрубону вафодорашро ба пулу мол фурӯхта зани ҷавонмаргашро девона ҳукм намуд ва аз даъвояш гузашт. Бародарони Латифа ин хабарро шунида гиребони ҳайрат доштанд ва барои аниқ кардани асли гап ба шаҳр ба назди язнаашон омаданд. Аҳмад онҳоро ҳам бовар кунонд, ки вақтҳои охир Латифа девонанамо шуда буд ва ҳамеша дар бораи худкушӣ гап мезад. Бародарони марҳум китф дарҳам кашиданд ва ҳаволаи бадро ба худо супурда рафтанд.

Зани нав

Ҳамин тавр қотили Латифа беҷазо монду Аҳмад соҳиби пули калон шуда, кордаш болои равған гашт. Ҷавонмарди беандеша ақаллан то гузаштани сари соли ҳамсараш тоқат накарда, чили Латифаро додан баробар ба муаллимаи ҷавоне ҳамхона гашт ва мошини зебои гаронбаҳои хориҷӣ харид. Кампири Руқияи ҷигарсухта зани нави домодашро ба хонааш талбида духтар хонд ва хоҳиш кард, ки ятимакони духтари ҷавонмаргашро хуб нигоҳубин кунад. Зани нави Аҳмад-Нозук, ки босаводу худотарс буд, ваъда дод, ки дугоникҳои ятимакро хору зор шудан намемонад, вале…

                                     Рӯҳи ноором

Аҳмад гумон дошт, ки мурдафурӯшияш пинҳону бе ҷавоб мемонад, аммо дар урфият мегӯянд, ки Худозада бошу арвоҳзада не! Арвоҳи Латифа шавҳарро ором намонд. Нозук, зани нави Аҳмад Зуҳрою Юсуфро хуб парасторӣ мекард, вале таги дили Аҳмад ҳамеша ким чихел сиёҳу торик буд. Эҳсос мекард, ки нохушие домангираш аст ва як рӯз не як рӯз мусибате ба сараш меояд. Қариб ҳар шаб Латифаро хоб медид ва аз ҷояш дод гуфта мехест. Арвоҳи ҷавонзан дар хобаш ӯро сиёсат мекарду кафшҳояшро аз пояш кашида ба дарё мепартофт.

Ғами нав

Як рӯз Нозук хабар овард, ки холааш дар ноҳияи ҳамсоя тӯй доштаасту ӯ ҳамроҳи апаҳояш ба тӯй меравад. Аҳмад иҷозат дод ва Нозук худро оростаю пероста намуда ба тӯйхона равон гашт. Мехост Зуҳроро низ ҳамроҳаш барад, вале Аҳмад «кӯдак ғам медиҳад» гӯён, тифлакро бурдан намонд ва ваъда дод, ки то омаданаш худаш бачаҳоро нигоҳубин мекунад. Нозук танҳо ба тӯй рафт. Рафту дигар бар нагашт. Ҷасади ғарқи хунашро ба хонаи падараш бурданд ва хешонаш ба Аҳмад занг зада, хабар доданд, ки Нозук зери чархи мошини боркаш монда аз дунё гузаштааст. Мард аз алам мисли занҳо нола карда рӯю мӯяшро канд, вале тақдирро тадбир набуд.

Пушаймонии дермонда

Аҳмад медонист, ки марги Нозук тасодуф нест ва Худованд барои мурдафурӯшияш ӯро чунин ҷазои сахт додааст. Сар ба дару девор зада «Нозук, қурбони гуноҳи мани сарсахти дар ҳасрати пул мурда гаштӣ» гуфта бо тамоми овоз нола мекард. Пайвандони Нозук ба маънии гапҳои домод сарфаҳм нарафта байни худ пичир-пичир мекарданд, ки бечора ҷавони берӯзии аламзада аз ғами ду зани ҷавонмаргаш девона шудааст. Ба бадии кор кормандони ҳифзи ҳуқуқ ин даъфа на ронанда, балки Нозукро айбдор карда гуфтанд, ки ба қоидаи ҳаракат дар роҳ риоя накарда, зери чархи мошин мондааст.

Ҳамон шаб Аҳмад Латифаро хоб дид, зани ҷавонмаргаш сари баландие нишаста буд ва сӯйи вай ишоракунон механдиду механдид…

                               Занталош

Пас аз марги Нозук Аҳмад тамоман дилшикаста шуда рӯ ба май овард, хешовандони Латифа ин ҳолати ӯро дида, кӯдакони хоҳарашонро ба тарбияи худ гирифтанд. Аҳмади зору танҳо ба умеди бозгашти бахт боз зан гирифт, вале Ноила духтари танбалу нокора ва дузд баромад. Аҳмад ҳамагӣ се моҳ тоб оварда, билохира талоқи зани дуздашро дод. Пас аз Ноила 12-зани дигар гирифта рӯзи хушро надид марди ба мурдаи ҳамсари вафодораш хиёнаткарда, зеро мисли Латифаю Нозук дигар зани бомаънию хушрӯзгор наёфт.

Имрӯз синни Аҳмад ба шаст дакка хӯрдаасту дар кӯлбаяки фатароташ танҳо зиндагӣ мекунад. Писару духтараш аз авҳолаш бохабар мешаванд, вале дар ин дунё ягон сир пинҳон намемонаду асрори ноодамии Аҳмад низ ба гӯши фарзандонаш расида, дилашонро аз падар хунук гардондааст. Барои падари мурдафурӯши дар ҳасрати занашон дигар дар дили Зӯҳрою Юсуф ҷой нест!

                                              АНҶОМ!
              Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД