Arzon march 2024
Муҳоҷирзани тоҷикро дар Ӯзбекистон 110 миллион сум ҷарима ва 5 сол ҳабс карданд
681

Як муҳоҷирзани тоҷикро дар Ӯзбекистон 110 ҳазор сум ҷарима баста, бар замми ин ба 5 соли зиндон маҳкум намудаанд. Дар ин бора Podrobno.uz хабар додааст.

Бино ба иттилои манбаъ, ин зани 43-сола, ки зодаи Тоҷикистон мебошад, дар Ӯзбекистон дар як хона хизматгорӣ мекардааст. Соҳибони хона ӯро дар дуздии пули калон ва муносибати бераҳмона бо фарзанди хурдсолашон айбдор намуда, ба суд додаанд.

Соҳибхона дар манзилаш камераҳои назоратӣ насб карда будааст ва чӣ тавр духтарчаи 5-солашонро бераҳмона латукӯб намудани хизматгор дар наворҳои видеоии камераҳои назоратӣ сабт шудааст.

Соҳибхона иддао намудааст, ки дар баробари латукӯби кӯдак хизматгорзан дар муддати 2 соли дар хонаи онҳо кор карданаш мудом пулҳои онҳоро медуздидааст ва дар маҷмуъ 118 миллион суми ӯзбекиро ба яғмо бурдааст.

Суд занро барои муносибати бераҳмона бо кӯдаки ноболиғ ба муҳлати 5 сол равонаи зиндон намуда, ҳамзамон уҳдадор кардааст, ки маблағи дуздидашударо дар ҳаҷми 110 миллион суми ӯзбекӣ ба соҳибхона баргардонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД