Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як гурӯҳи калони авбошон хабар додааст, ки ба ғорат кардани муҳоҷирони меҳнатии тоҷик машғул будаанд...
Тавре ки вазорати корҳои дохилӣ дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” хабар дод, ин гурӯҳи панҷнафара бо истифода аз табар ва силоҳи оташфишон муҳоҷиронро тарсонда, ҳатто таҳдиди куштан мекардаанд, то ки аз онҳо ҳар моҳ “доля” диҳанд.
Ин гурӯҳ асосан дар Қазоқистон бо ғорати муҳоҷирон машғул шуда, муҳоҷрони меҳнатиро гаравгон мегирифтаанд ва маҷбур мекардаанд, ки ҳар моҳ аз сари маоши худ ба онҳо аз 200 ҳазор то 800 ҳазор тангаи қазоқӣ (аз 500 то зери 2000 доллар) “доля” диҳанд. Муҳоҷири тоҷик, ки дар Қазоқистон кор мекунанд, аз бедодгариҳои аъзои ин даста ба ҷон расида, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанду рэкетирҳо бо мақсади аз ҷавобгарӣ гурехтан ба Тоҷикистон фирор мекунанд, вале дар ин ҷо 4 узви и гурӯҳи ҷиноӣ аз ҷониби кормандони УБОП дастгир карда шуданд.
Инҳо Ҳасанов Сӯҳробҷон Маҳмадуллоевич, лақабаш “Рижий”, раҳбари даста, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Расулов Рустам Маҳмадалиевич, лақабаш “Рустик”, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Солеҳов Файзалӣ Шералиевич, лақабаш “Федя”, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Одиназода Манучеҳр Мӯсо, лақабаш “Дарвеш”, сокини ноҳияи Қубодиён мебошанд. Ин чор нафар ҳамроҳи шарики ҷиноятиашон аз Ӯзбекистон Шукуров Ҷовидон Асалбоевич моҳи августи соли 2022 дар шаҳри АлмаАто дар ширкатҳои сохтмонӣ ба кор даромадаанд, вале дар асл дар бораи дигар муҳоҷирони тоҷик ва макони зисту кори онҳо маълумот ҷамъкарда, баъдан ягон муҳоҷирро ҳадафи худ қарор дода, бо роҳи фиреб бо мошини Манучеҳр Одиназода савор карда ба қароргоҳашон меовардаанд ва ҳамчун гаравгон нигоҳ дошта, бо табар ва таппонча таҳдиди куштан намуда муҳоҷирони бечораро маҷбур мекарданд, ки ба онҳо ҳар моҳ “доля” диҳанд.