Муҳоҷирон ҳуқуқи дар Россия
оила барпо карданро доранд?
- Оё муҳоҷирони меҳнатӣ ҳуқуқи дар Федератсияи Россия оила барпо намуданро доранд?
- Агар арӯсу домод ҳарду шаҳрванди хориҷӣ бошанд, никоҳи онҳоро дар Федератсияи Россия ба қайд мегиранд?
- Шартҳои бастани ақди никоҳ
- Нозукиҳои никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ бо шаҳрвандони РФ
- Барои ба қайд гирифтани никоҳ ба куҷо бояд муроҷиат кард?
- Барои бастани ақди никоҳ кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
- Дар кадом ҳолатҳо никоҳи шаҳрвандони хориҷиро ба қайд намегиранд?
- Никоҳи фаврӣ дар кадом ҳолат имконпазир аст?
- Ақди никоҳ бастан ба муҳоҷир иҷозати зист медиҳад?
- Тартиби бекор кардани ақди никоҳ
- “Фиктивный брак” чӣ хатарҳо дорад?
Муҳоҷирон ҳуқуқи дар Россия
оила барпо намуданро доранд?
Мутобиқи Конститутсияи РФ, Кодекси оилаи Федератсияи Россия ва шартномаҳои байналмиллалие, ки ин кишвар имзо гузоштааст, шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ низ ҳуқуқ доранд, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия ақди никоҳи худро ба қайд гирифта, оила барпо намоянд. Тартиби бастани ақди никоҳ мушахассан дар банди 1-и моддаи 156-и Кодекси оилаи ФР зикр ёфтааст. Дар сурати шаҳрванди хориҷӣ будани домод ё арӯс тибқи банди 2-и ҳамин моддаи “Кодекси оила”-и ФР нисбати ӯ шартҳои бастани ақди никоҳ, ки дар қонунгузории кишвари худаш нишон дода шудаанд, татбиқ карда мешаванд. (арӯс шаҳрванди Россияву домод шаҳрванди Тоҷикистон бошанд, нисбати домодшаванда шартҳои муқаррар кардаи Кодекси оилаи Тоҷикистон татбиқ мешаванд ва баръакс)
Арӯсу домод хориҷӣ бошанд, никоҳи
онҳоро дар Россия ба қайд мегиранд?
Тибқи муқаррароти Кодекси оилаи Россия дар сурати шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷири меҳнатӣ будани ҳам домод ва ҳам арӯс низ ақди никоҳи онҳо дар мақомоти ЗАГС-и Россия бе мамоният ба қайд гирифта мешавад, ба шарте, ки барои бастани ақди никоҳ ягон монеаи дигар вуҷуд надошта бошад. Шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ метавонанд ҳамчунин барои бастани ақди никоҳашон ба сафоратхона ва намояндагиҳои расмии кишвари худашон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд. Аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар ҳудуди Россия бо шаҳрванди дигари Тоҷикистон оила барпо намуданиянд, метавонанд барои бастани ақди никоҳ ба мақомоти сабти ҳолати шаҳрванд, яъне ЗАГС-и Россия ё ба сафоратхонаи Тоҷикистон дар Федератсияи Россия муроҷиат намоянд.
Шартҳои бастани ақди никоҳ
Ақди никоҳ дар Россия танҳо дар мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ-ЗАГС ба қайд гирифта мешавад. Тибқи моддаи 14-и Кодекси оилаи Россия барои бастани ақди никоҳ чанд шарти муҳим вуҷуд дорад:
- Хоҳиш ва иродаи ҳарду никоҳшаванда барои бастани ақди никоҳ
- Ҳузур доштани домод ва арӯс дар маросими бастани ақди никоҳ
- Бо шахси дигар ақди никоҳ надоштани никоҳшавандагон
- Солимақл будан ва бемории рӯҳӣ надоштани домоду арӯс
- Ба синни никоҳӣ расидан, яъне аз 18-сола боло будани синну соли никоҳшавандагон.
- Муносибати наздики хешу табори надоштани арӯсу домод.
- Вуҷуд надоштани монеъаҳои дигар, ки садди роҳи издивоҷи никоҳшавандагон гашта метавонанд....
Нозукиҳои никоҳи хориҷиён
бо шаҳрвандони Россия
Шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ тибқи қонунгузории ФР ҳуқуқ доранд, ки бо шаҳрвандони Федератсияи Россия низ бе ягон мамоният оила барпо намоянд. Дар ин ҳолат баъди пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ никоҳи шаҳрванди хориҷӣ бо шаҳрванди Россия расман ба қайд гирифта мешавад. Маъмулан пас аз бастани ақди никоҳи расмӣ дар шиносномаи шаҳрванди Россия мӯҳри никоҳ гузошта мешавад, вале дар шиносномаи шаҳрванди хориҷӣ, ки бо шаҳрванди Россия никоҳ кардааст, ин мӯҳрро бояд мақомоти марбутаи кишвари худаш гузорад. Пас аз анҷоми маросими ақди никоҳ ва дар ҳуҷҷатҳои лозима имзо гузоштани никоҳшавандагон ва шоҳидонашон масъули идораи сабти ҳолати шаҳрванди-ЗАГС арӯсу домодро расман зану шавҳар эълон намуда, ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳро месупорад. Минбаъд дар асоси ҳамин ҳуҷҷат намояндагии расмии кишвараш дар шиносномаи домод ё арӯси хориҷӣ мӯҳри никоҳро пахш хоҳад кард.
Барои ба қайд гирифтани никоҳ
кадом ҳуҷҷатҳо лозиманд?
Барои бастани ақди никоҳ дар Россия ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ин кишвар, яъне шӯъбаҳои ЗАГСи ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намудан лозим аст:
- Аризаи никоҳшавандагон барои бастани ақди никоҳ
- Шиносномаҳои ҳарду никоҳшаванда.
- Маълумотнома дар бораи он ки шаҳрванди хориҷӣ бо шахси дигар дар қайди никоҳ қарор надорад.
- Шаҳодатномаи бекор карда шудани ақди никоҳ, агар яке аз никоҳшавандагон қаблан оиладор ва аз ҳамсараш ҷудо шуда бошад.
- Шаҳодатномаи вафот, агар ҳамсари пештараи никоҳшаванда аз олам гузашта бошад.
- Ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ. (Боҷи давлатӣ ҳам барои шаҳрвандони Россия ва ҳам барои шаҳрвандони хориҷи барои бастани ақди никоҳ 350 рубл муқаррар карда шудааст. )
- Маълумотнома аз ҷойи истиқомати шаҳрванди хориҷӣ.
- Маълумотнома дар бораи вуҷуд надоштани монеъаҳо барои бастани ақди никоҳ.
- Виза, корти муҳоҷиратӣ, иҷозатномаи муввақатии зист (ВНЖ) ё иҷозаи зисти шаҳрванди хориҷӣ дар Россия (РВП) ва ё ҳуҷҷати дигаре, ки қонунӣ будани зиндагии шаҳрванди хориҷии никоҳшавандаро дар Федератсияи Россия исбот менамояд.
- Аҳдномаи никоҳ (Брачный договор)-ихтиёрӣ баста мешавад.
Диққат!
Дар баъзе ҳолатҳо дар мақомоти сабти ҳолати шаҳрвандӣ-ЗАГС метавонанд аз шаҳрвандони хориҷӣ маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ ва маълумотномаи тиббӣ дар бораи надоштани бемориҳои хатарнок аз қабили ВИЧ-СПИД-ро талаб намоянд.
Ҳуҷҷатҳоятонро тарҷума кунед!
Шаҳрвандони хориҷӣ бояд тамоми ҳуҷҷатҳои худро бо забони русӣ тарҷума намуда, нусхаи тариқи нотареалӣ тасдиқ шудаи ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ-ЗАГС барои бастани ақди никоҳ пешниҳод созанд.
Домод ба ЗАГС ду баста ҳуҷҷатҳоро бояд пешкаш намояд-нусхаҳои аслӣ ва тарҷумаи русии ҳуҷҷатҳояш, ки тариқи нотареалӣ тасдиқ шудаанд.
Диққат!
Маълумотномаҳоро дар бораи бо каси дигар ақди никоҳ надоштан ва мавҷуд набудани ягон монеъа барои бастани ақди никоҳ аз сафоратхона ё намояндагии кишвари худ дастрас намудан мумкин аст.
Дар кадом ҳолатҳо бастани
ақди никоҳро рад мекунанд?
Кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ-ЗАГС дар ҳолатҳои зерин метавонанд бастани ақди никоҳи шаҳрвандони хориҷиро рад намоянд:
- Шаҳрванди хориҷӣ (муҳоҷири меҳантӣ) дар ватани худаш бо шахси дигар оила барпо намуда, ақди никоҳаш ҳанӯз бекор нашуда бошад.
- Агар никоҳшавандагон бо ҳамдигар муносибати наздики хешу таборӣ дошта бошанд.
- Агар яке аз никоҳшавандагон рӯҳан бемор ва ғайри қобили амал эътироф шуда бошад ( Недееспособен)
- Арӯс ё домод ноболиғ ва ба синни18-солагӣ нарасида бошад.
- Агар домод дар ватанаш зан дошта бошад, ҳуқуқи зани дуюм гирифтанро надорад.
Никоҳи фаврӣ дар кадом ҳолат имконпазир аст?
Маъмулан баъди супурдани тамоми ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бастани ақди никоҳ ба ЗАГС арӯсу домодро дар навбат мегузоранд. Интизорӣ барои баргузории маросими тантанавии ақди никоҳ то як моҳ тӯл кашида метавонад, вале дар ҳолатҳои зерин ақди никоҳро ба таври фаврӣ бастан имконпазир аст:
- Агар арӯс аз марде, ки ҳамроҳаш оила барпо карданист ҳомиладор бошад.
- Агар яке аз никоҳшавандагон гирифтори ягон бемории вазнин буда, ҳаёташ зери хатар қарор дошта бошад
- Агар яке аз никоҳшавандагон аз ҷониби корхонааш ба сафари хизматии дарозмуддат фиристода мешавад
- Агар келину домод дар нуқтаҳои даргир хизмат мекарда бошанд ва ё дар истеҳсолоти хатарнок кор кунанд.
Дар ҳолатҳои дар болои зикр шуда бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда, масалан маълумотномаи тиббӣ дар бораи ҳомиладор будани арӯс ё маълумотнома аз ҷойи кори домод дар бораи сафари хизматии дар пеш истода кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ-ЗАГС маросими ақди никоҳро метезонанд ва ҳатто метавонанд бо пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ худи ҳамон рӯз никоҳро ба қайд гирифта, ба навхонадорон шаҳодатномаи никоҳро супоранд.
Ақди никоҳ ба муҳоҷир иҷозаи зист медиҳад?
Никоҳ бо шаҳрванди Русия ба шаҳрвандони хориҷӣ имкон медиҳад, ки иҷозаи зистро дар ин кишвар ба даст оваранд. Барои ин ҳамсари хориҷӣ бояд ба Раёсат оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Россия барои гирифтани РВП муроҷиат намуда, ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод созад. РВП ба мӯҳлати то 3 сол дода мешавад, вале ҳолатҳои истисноӣ низ вуҷуд доранд.
Тартиби бекор кардани ақди никоҳ
Дар ҳолати рост наомадани ситораҳояшон ва ё имконпариз набудани нигаҳдории оила ҳамсарон метавонанд барои бекор кардани ақди никоҳи худ боз ба шӯъбаи сабти ҳолати асноди шаҳрвандӣ-ЗАГС муроҷиат намоянд, агар фарзанд надошта бошад. Ҷуфтҳое, ки фарзанд доранд, ба хотири ҳалли масъалаи тақсими амволи дар давраи зиндагии якҷоя ба даст овардашуда ва алименти кӯдакон никоҳашон танҳо тариқи суд бекор карда мешавад.
“Фиктивний брак” чи хатар дорад?
Иддае аз муҳоҷирони меҳнатӣ ба хотири ба даст овардани РВП ва зудтар соҳиби шаҳрвандии Россия гаштан бо шаҳрвандони ин кишвар никоҳи сохта “Фиктивный брак” мебанданд. Тақаллубкорӣ хавфнок буда, дар сурати фош гаштани сирри никоҳи сохта чунин мушкилиҳо ба сари шаҳрванди хориҷӣ омада метавонанд:
- Барои “Фиктивный брак”ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ нашудааст, вале дар сурати фош шудани сохтакорӣ дар бастани ақди никоҳ тамоми ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси шаҳодатномаи никоҳ ба даст оварда шудаанд, аз ҷумла РВП ва шаҳрвандии Россия, ки шаҳрванди хориҷӣ онро туфайли никоҳи сохта соҳиб гаштааст, бе кор карда мешаванд.
- Моликияти дар давраи дар қайди никоҳ қарор доштанаш ба даст овардаи шаҳрванди хориҷӣ бо ҳамсараш тариқи суд ба таври баробар тақсим карда мешавад.
- Шаҳрванди хориҷиро метавонанд барои “Фиктивный брак” аз ҳудуди Федератсияи Россия ихроҷ-депортатсия кунанд.
- Шаҳрвандони хориҷие, ки барои никоҳи сохта аз Россия ихроҷ карда шудаанд, минбаъд бо роҳи қонунӣ низ шаҳрвандии ин кишварро ба даст оварда наметавонанд.