arzon replenishment
Муҳоҷирон, аз шахсони ношинос туҳфа ва ҳуҷҷатҳои шубҳанокро нагиред!
442

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ҳушдор додааст, ки ҳангоми сафар ба Федератсияи Русия ё бозгашт ба Ватан дар фурудгоҳ аз шахсони ношинос туҳфа-посилка ва ягон хел ҳуҷҷатҳоро барои ба шахсони дигар супурдан нагиранд.

Таъкид шудааст, ки муҳоҷирон бор, туҳфа-посилка, ҳуҷҷат ва дигар чизҳои шубҳанокро аз дасти одамони ношинос барои ба шахсони дигар расонидан нагиранд, зеро касе бехатар будани интиқоли чизҳоро, ки ба дасти онҳо месупоранд, кафолат дода наметавонад.

Аз муҳоҷирони тоҷик, ки ба сифати ронандаи таксӣ кор мекунанд, хоҳиш карда шудааст, ки вақте чизеро барои интиқол додан (доставка) ба онҳо месупоранд, дар шоҳидии соҳиби бор онро кушода санҷанд, ки дар дохилаш чист.

Дар сурати сар задани ягон мушкилот муҳоҷирон метавонанд барои гирифтани ёрии ройгони ҳуқуқӣ ба Намояндагии расмии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо рақамҳои зерин занг зананд: +7 (495)967-98-44 ва «WhatsApp» +7 (999)912-58-68.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД