Formula 2025 may
Муҳоҷири тоҷикро барои куштори ваҳшиёнаи занаш дар Русия 10 сол ҳабс карданд
649

Суди шаҳри Екатеринбург бо ҳукми худ як муҳоҷири тоҷикро ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон намуд. Маҳкумшуда дар куштори ваҳшиёнаи собиқ ҳамсараш гунаҳкор дониста шудааст.

Сайриддин Шаропов зодаи Тоҷикистон буда, қариб як сол боз дар ҳабси пешакӣ қарор дошт. Санаи 13-уми июли соли 2024 ин ҷавонмарди 26-солаи тоҷик дар назди бинои истиқоматиашон, ки дар кӯчаи Челюскинтсев воқеъ мебошад, собиқ ҳамсарашро 12 корд зада буд.

Пас аз содир намудани ин ҷиноят худи Сайриддин ба пулис ва Ёрии таъҷилӣ занг зада бошад ҳам, зани 46-сола бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ба ҳалокат расида, худи ӯро ба ҳабс гирифтанд.

Шаропов дар рафти тафтишот иқрор шудааст, ки аз ҳиссиёти рашк ба собиқ ҳамсараш ҳамла кард ва аз кардаи худ сахт пушаймон шудааст.

Суд пас аз 9 моҳи сар задани ҳодисаи хунин Сайриддин Шароповро ба муҳлати 10 сол равонаи зиндон намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД