Formula novemver 2024
Муҳоҷири тоҷик дар Русия аз бом афтида мурд
1497


Ҳамасола ҳазорон нафар ҷавонмардони тоҷик пайи дарёфти ризқу рӯзии худ ва аҳли хонаводаашон ба Русия ва кишварҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд.

Албатта муҳоҷират падидаи нек буда, имконияти беҳтар сохтани шароити зисту зиндагиро фароҳам меорад, вале бадбахтона баъзан дар мулки ғурбат ба сари муҳоҷирони тоҷик мушкилӣ ва фалокатҳои зиёде омада, ҳатто ҷони ширини худро аз даст медиҳанд. “Бомдод” аз марги боз як муҳоҷири тоҷик дар Русия хабар додааст.

Ҳодиса дар шаҳри Иркутски Русия сар зада, ду амакбача аз ошёнаи чорум ба замин афтодаанд. Маҳмадёр Маҳмадови 28- сола ва Меҳроб Маҳмадови 30-сола ҳарду аз деҳаи Қалъаи лаби оби ноҳияи Тоҷикобод буда, дар Русия дар сохтмон кор мекардаанд ва ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ошёнаи чорум афтида, ҷароҳатҳои вазнин бардоштаанд.

Мутаассифона, Маҳмадёр дар роҳ ба сӯйи беморхона бар асари ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш ҷон ба ҷонофарин супурдааст, вазъияти Меҳроб нисбатан хубтар аст, вале ҳарду пояш шикаста, дар беморхона таҳти назорати табибон қарор дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД