Як муҳоҷири тоҷикро барои куштори бераҳмонаи ҳамкораш дар Русия ба муддати 9-сол равонаи зиндон намуданд.
Марде, ки дар ҷинояти вазнини куштор муттаҳам дониста шудааст, дар мурофиаи судӣ гуфтааст, ки ҷабрдида мудом ӯро таҳқир карда,паст мезад ва ба хотири дифоъ аз шаъну шарафи инсонии худ даст ба куштор задааст...
Додгоҳи ноҳияи Багратионовски вилояти Калининград дирӯз як муҳоҷири 53-солаи тоҷикистониро бо ҷурми куштани як ҳамкораш ба муддати 9 сол равонаи зиндон кард. Тавре ки аз маводҳои парванда бармеояд, қотил ва мақтул дар як корхонаи плитабарорӣ дар вилояти Калининград ҳамрҳ кор мекардаанд.
Ҷабрдида дар ҷои кор тез-тез ин марди тоҷикро таҳқир карда, шаъну шарафашро паст мезадааст ва бо ҳамин сабаб байнашон муноқишаҳо сурат мегирифтаанд. Ҳамон рӯзи наҳси 17- феврали соли 2022 онҳо дар шаҳраки Нивенское дар ноҳияи Багратионовск машғули плитачаспонӣ будаанд ва Н. боз муҳоҷири тоҷикро таҳқир кардааст.
Косаи сабри мард лабрез гашта, болғаро ба даст гирифта, аз қафо ба сари ҳамкори морзабонаш 18 зарба зада ӯро аз пой меафтонад вабоз 2 зарбаи дигар ба дастонаш зада, баъд аз ҷои ҳодиса фирор мекунад.
Ҷабрдидаро баъди чанде коргарони дигар пайдо карда, дар ҳолати вазнин бо сару рӯи хуншор ба бемористон бурдаанд, вале бар асари зарбаҳои сахти бо болға хӯрдааш дар беморхона ҷон додааст.
Шаҳрванди Тоҷикистон дар додгоҳ худро гунаҳкор эътироф накарда, гуфтааст, ки қасди куштани ҳамкорашро надошт,вале дар сари қаҳр болғаро ба даст гиирфт ва чи тавр ба сари рақибаш бо болға 18-20 зарба заданашро ёд н адорад. Қотил гуфтааст, ки дар сар задани ин фоҷиа худи марҳум гунаҳкор аст, зеро доимо ӯро таҳқир карда, шаъну шарафи инсониашро паст мезад ва рафтори ғайри ахлоқӣ дошт.