Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии тандурустӣ пагоҳ аз соати 8:00 то соати 14:00 дар Беморхонаи “Истиқлол” бо иштироки табибони баландпоя муоинаи ройгони шаҳрвандон гузаронида мешавад. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод, дар дигар муассисаҳои калонтарини мамлакат барои пешгирии беморшавӣ дар байни аҳолӣ мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб ба шаҳрвандон машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисиро ба таври ройгон мегузаронанд.
“Аз ҷониби устодони муассисаҳои олӣ ва касбии таълимии тиббӣ бо доираи васеи аҳолӣ сӯҳбат ва машваратҳои тахассусӣ баргузор хоҳад шуд”, - навиштааст манбаъ.