Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба Маркази миллии тиббии «Шифобахш»-и шаҳри Душанбе барои аёдати нимҳимоятгари «Равшан»-и Кӯлоб Ҷамшед Мақсумов рафт, ки чанд рӯз пеш ба садамаи вазнини нақлиётӣ дучор шуда буд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, бозигарон, мураббиён ва ҳайати маъмурии тими миллии Тоҷикистон ба Ҷамшед шифои оҷилу комил таманно намудаанд.
Нимҳимоятгари «Равшан» дар навбати худ ба ҳамаи аъзои тими миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, ба даста дар бозиҳои дӯстонаи дарпешистода бо тимҳои миллии Непал (13-уми ноябр) ва Афғонистон (19-уми ноябр) муваффақият орзу кард.