Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич натавонист ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳ ёбад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, мунтахаби ҷавонони мо дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ аз дастаи Уммон бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрда, дар гурӯҳи «Е» мақоми сеюмро касб кард.
Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардида, голҳоро Меҳрубон Ҳамидов аз ҳайати Тоҷикистон ва Юсуф Ал-Шабиби, Фаҳад Ал-Муҳани, Ал-Манвари аз ҳайати Уммон ба самар расониданд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии аввал озод буд ва дар даври дуюм Шри-Ланкаро бо ҳисоби 3 бар 0 мағлуб карда, дар бозии сеюм аз Кореяи Шимолӣ бо ҳисоби 0 бар 2 ноком гардид. Дар бозии даври чаҳорум футболбозони мо Малайзияро бо ҳисоби 1 бар 0 шикаст дода, дар бозии охири марҳилаи гурӯҳӣ аз Уммон бо ҳисоби 1 бар 3 шикаст хӯрданд.
Аз гурӯҳи мазкур Кореяи Шимолӣ бо касби 10 имтиёз роҳхати ниҳоиро дар мусобиқаи Ҷоми Осиё-2025 ба даст овард. Пас аз 6 сол дастаи Кореяи Шимолӣ тавонист, ки дигарбора ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёбад. Қаблан даста соли 2018 дар Ҷоми Осиё дар Индонезия ширкат карда буд. Соли 2010 Кореяи Шимолӣ дар Чин унвони қаҳрамониро дар ин синну сол соҳиб гардида буд.
Бори аввал пас аз соли 2016 мунтахаби то 20-солаи Тоҷикистон ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё роҳ ёфта натавонист. Соли 2023 дар Ҷоми Осиё дар Ӯзбекистон футболбозони мо аз гурӯҳ ба марҳилаи плей-офф баромада натавониста буданд.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷагирии мусобиқаи интихобӣ ғолибони 10 гурӯҳ ва панҷ дастаи беҳтарини зинаи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 миёни ҷавонон роҳхат мегиранд.