Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) таҳти роҳбарии мутахассиси гурҷӣ Леван Хомерики яке аз ду бозии дӯстонаи худро дар моҳи июн баргузор кард. Дастаи мо бо тими олимпии Ҳиндустон рақобат намуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ин бозӣ дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи мунтахаби Тоҷикистон поён ёфт. Голҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистонро Ансор Ҳабибов, Муҳаммадиқбол Давлатов ва Муҳаммадалӣ Азизбоев заданд.
Дастаи олимпии мо бозии навбатии дӯстонаро бо ҳамсолони худ аз Қирғизистон анҷом медиҳад. Ин вохӯрӣ 24-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешавад.