Муноқишаи гурӯҳи ноболиғон сабаби марги як нафари онҳо шуд
12.11.2025
Oila.tj
122

Санаи 9-уми ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як гурӯҳ ноболиғон байни ҳамдигар муноқиша намудаанд, ки боиси ба ҳалокат расидани як нафар ноболиғ ва ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштани навраси дигар гардидааст.

Бино ба иттилои РВКД дар шаҳри Душанбе, зимни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки наврасон ҳангоми муноқиша аз предметҳои халандаю буранда, махсусан корд истифода намудаанд.

Гумонбаршаванда Раҳматшозода Н. аз сабаби нофаҳмиҳои лафзӣ, ки қаблан тавассути шабкаҳои иҷтимоӣ бо ноболиғ Раҷабов А. доштаанд, аз ду ҷониб муноқишаи гурӯҳӣ ташкил намудаанд. Дар натиҷа, Раҳматшозода Н. бо корд ба қисматҳои гуногуни бадани Раҷабов А. зарба зада, ӯро ба ҳалокат расонидааст. Инчунин, ноболиғ Шарифов Ш. бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар беморхона бистарӣ мебошад.

Айни замон шахси гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Вобаста ба ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ тибқи талаботи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, нисбати дигар ширкатдорони ин муноқиша ва сабабу омилҳои сар задани он тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД