goodwell
Мунира Оқилова - ғолиби ҷашнвораи байналмилалӣ
66

Дар Ҷашнвораи байналмилалии “Кашидадӯзии ироқӣ”, ки рӯзҳои 13-15-уми август дар шаҳри қадимии Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарёи Ӯзбекистон баргузор гардид, ҳунармандони шаш кишвар - Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Туркия ва Русия ширкат карданд. Гуфта мешавад, чунин ҷашнвораи бонуфуз, ки аҳли ҳунари кашидадӯзиро гирдиҳам овард, дар Шаҳрисабз бори нахуст роҳандозӣ гардид.

Ёдовар мешавем, ки инҳо дар ҷашнвораи байналмилалии кашидадӯзӣ аз вилояти Суғд Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ карданд: роҳбари Ассотсиатсияи ҳунармандони вилоят Салима Каримова, кашидадӯзону тарроҳон Мунира Оқилова, Муҳаббат Раҳмонова, Нигора Насимова, Бибизайнаб Аралова, Наимаҷон Бобоева, Маҳзуна Наманова, Раҳим Розиқов, Мавҷуда Набиева ва Манзура Мансурова.

Аъзои доварон баъди баррасӣ ғолибони озмуни байналмилалиро ҳоро дар чаҳор номинатси аниқ карданд. Мувофиқи ин натиҷагирӣ аз рӯи номинатсии «Кашидадӯзе, ки машҳуртарин бренди миллиро офаридааст», ҷои аввал насиби Мунира Оқилова (Тоҷикистон), ҷои дуюм насиби Саодат Низомова (Ӯзбекистон) ва ҷои сеюм насиби Лейлӣ Ҳаитова (Туркманистон) гардид.

Ба ҳар кадоми ғолибон сертификат ва ба миқдори 5, 3 ва 2 миллион сӯмӣ мукофотҳои пулӣ супурда шуд. Раиси Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ Саъд Ҳанӣ ал-Қаддумӣ аз ҳамаи иштирокчиёни фаъоли ин ҷашнвора ибрози ташаккур намуд. Вай гуфт, ки дар оянда низ ин гуна ҷашнвораҳо дар чанд шаҳри кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор хоҳад шуд, ки мақоми “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарманд”-ро ба даст меоранд.

Тавре ки Мунира Оқилова дар як суҳбати ихтисосӣ гуфт, вай доир ба кашидадӯзии тоҷикӣ чанд мақола низ ба табъ расонидааст.

- Дар яке аз ин мақолаҳо кашидадӯзии тоҷикӣ ҳамчун ҷузъи муҳими мероси фарҳангии Тоҷикистон баррасӣ мешавад. Дар он пайдоиши таърихӣ, гуногунии минтақавӣ ва хусусиятҳои бадеии санъати гулдӯзии анъанавӣ, ки дар фазои ягонаи таърихӣ ва фарҳангии Осиёи Марказӣ рушд кардаанд, баррасӣ мегардад. Таваҷҷӯҳи махсус ба сӯзанӣ, чакан ва сарпӯшҳои гулдӯзии анъанавӣ (тоқӣ), рамзҳои ороишӣ, таркиб ва техникаҳои онҳо равона карда шудааст. Пайвастагии мактабҳои гулдӯзии маҳаллӣ дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон, ки дар минтақаҳо ва водиҳои таърихӣ, новобаста аз марзҳои муосири давлатӣ, инкишоф ёфтаанд, дар мақола таъкид шудааст,- мегӯяд Мунира Оқилова.

Ба гуфтаи ӯ дар мақола инчунин мушкилоти муосир дар ҳифзи кашидадӯзии анъанавӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, шаҳрнишинӣ ва истеҳсоли оммавӣ ба таҳлил кашида шудааст. Вай мегӯяд, аҳамияти сабти санъати чакан дар Рӯйхати намояндагии ЮНЕСКО оид ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият дар соли 2018 ҳамчун як қадами муҳим ба сӯи эътироф ва ҳифзи байналмилалии он қайди худро ёфтааст.

- Равишҳои муосир барои эҳёи техника ва ороишҳои анъанавӣ тавассути таҳқиқоти осорхонаҳо, рақамикунонӣ, маориф ва ҳамгироии мерос ба мӯд ва тарроҳии муосир омӯхта мешаванд. Кори “MUNIR Brand”, ки роҳбарии онро бар дӯш дорам, имкониятҳои муттаҳид кардани омӯзиши илмӣ, ҳифз ва тафсири муосири гулдӯзии анъанавиро нишон медиҳад. Дар он хулоса карда мешавад, ки ҳамкории ҳамаҷониба байни муҳаққиқон, осорхонаҳо, ҳунармандон, ташаббусҳои таълимӣ ва намояндагони соҳаҳои эҷодӣ барои таъмини идома, оммавӣ ва рушди минбаъдаи санъати гулдӯзии тоҷикӣ муҳим аст,- иброз медорад ҳамсуҳбати мо.

 Мо дар навбати худ дар Ҷашнвораи байналмилалии кашидадӯзии Шаҳрисабз ба пирӯзӣ расидани Мунира Оқиловаро табрик ва шодбош мегӯем.

Мирасрор АҲРОРОВ,

шаҳри Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарё, Ҷумҳурии Ӯзбекистон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД