Варзишгардухтари тоҷик Мунира Абдусаломова дар вазни то +67 кг дар даври аввали Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 аз намуди таэквондо бо намояндаи Фаронса Алтея Лорен қувваозмоӣ мекунад.
Рақобат хеле пуршиддат хоҳад гузашт, зеро рақиби Мунира аз зумраи варзишгарзанони муваффақи ҷодаи таэквондо ба ҳисоб меравад. Алтея Лорен дар бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ба гирифтани медали биринҷӣ ноил гашта буд.
Тавре муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода ба «Ховар» хабар додааст, мусобиқа рӯзи 10-уми август, соати 12:00 ҷараён мегирад.
Мо ба Мунира Абдусаломова дар ин рақобати мушкил муваффақият таманно дорем. Умедворем, ки комёбӣ насиби варзишгари тоҷик мегардад.