Муҳлати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия кӯтоҳ карда шуд. Шуруъ аз 1-уми январи соли 2025 Федератсияи Русия қоидаи нави 90/365-ро ҷорӣ намуд, ки тибқи он шаҳрвандони хориҷӣ бидуни раводид, яъне виза дар як сол танҳо 90 рӯз дар қаламрави Русия зиндагӣ карда метавонанд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ин бора тариқи Телеграм хабар додааст.
“Дар Федератсияи Русия аз 1-уми январи соли 2025 қоидаи 90/180 қатъ карда шуда, қоидаи нави 90/365 амали худро оғоз намудааст, ки дар асоси он муҳлати 180 шабонарӯз ба 365, яъне соли тақвимӣ иваз карда шуд. Мутобиқи ин Қоида ҳар як шаҳрванди хориҷие, ки пас аз 1-уми январи соли 2025 ба Федератсияи Русия бе раводид ворид мешавад ва Патент ё Иҷозат барои истиқомати муваққатӣ (РВП) ё Иҷозати доимӣ (ВНЖ) ба даст намеорад, аз рӯзи воридшавӣ ба Русия дар муддати соли тақвимӣ танҳо 90 шабонарӯз метавонад дар ин кишвар будубош намояд. Пеш аз ба итмом расидани 90 шабонарӯз шаҳрванди хориҷӣ ҳатман бояд убури сарҳад намояд ва то ба охир расидани соли тақвимӣ, яъне 31-уми декабр ҳуқуқи дубора ба қаламрави Русия ворид шуданро надорад”,- омадааст дар хабар.
Барои гирифтани маълумоти илвагӣ дар ин мавзуъ шумо метавонед ба мутахассисони шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаҳо муроҷиат намоед ё ба телефони “Хати оҷилӣ” 900-800-800 занг занед.