«Норозитарин муштариёни ту - беҳтарин манбаи омӯзишанд».
Билл Гейтс
«Бозор - ҷойест, ки эҳтиёҷот ва имконот ба ҳам мерасанд».
Powerful Market
Барои дарк кардани тарзи кори бизнес, бояд ба муҳите назар андозӣ, ки дар он рушд ва амал менамояд.
Тасаввур кун: бизнес - ин як киштӣ аст.
Ту - капитан.
Дастаи киштӣ - кормандони ту.
Ва атроф - уқёнусе бо номи «бозор».
Аммо ин кӯли ором нест - ин як баҳри пуртуғёну пурталотум аст, пур аз мавҷҳо, ҷараёнҳо, яхҳо ва ганҷҳо.
Ҷойе, ки шамолҳои сахти рақобат мевазанд,
ҷойе, ки ҷараёнҳои трендҳои нав пинҳонанд,
ва ҷойе, ки дурнамои имкониятҳои тоза дурахшон мешавад.
То ғарқ нашавӣ, роҳро гум накунӣ ва дастаи худро аз даст надиҳӣ - бояд дарк кунӣ:
Киҳо дар атрофанд? Дар куҷо шино мекунӣ? Ва бо киҳо?
Муҳити бизнес аз се унсури асосӣ иборат аст:
Бозор, мизоҷон, рақибон
Бозор - ҳудуди имконот
Бозор - танҳо супермаркет ё бозорча нест.
Ин як низоми мубодила аст: касе пешниҳод мекунад - дигаре мехарад.
Ҷойе, ки трендҳо, талабот ва навовариҳо тавлид мешаванд.
Ҷойе, ки ҳар рӯз ҳал мешавад: чӣ маҳсулот маъмул мешавад ва чӣ нопадид мегардад.
Ҳангоме ки бозорро меомӯзӣ - ту бештар мебинӣ:
- Чаро баъзе молҳо машҳур мешаванд, дигарҳо не?
- Чӣ тавр стартапҳо аз бузургон пеш мегузаранд?
- Кадом ғояҳо «ҷӯр мешаванд» ва кадомашон гум мешаванд?
Аз китоби Шавкат Бозоров - «Анатомияи бизнес»
https://www.facebook.com/profile.php?id=61574708436821&rdid=Z54ay0UxV7vQ211n#