goodwell
Мудири тарабхонаро барои ҷашни зодрӯзи директори мактаб беш аз сад ҳазор сомонӣ ҷарима карданд
28.04.2026
Oila.tj
157

Мудири тарабхонаи “Golden Fish”-и шаҳри Хуҷандро барои ҷашни зодрӯзи як директори мактаб 117 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Бино ба навиштаи расонаҳо, соҳибкор Р. С. Т., мудири ҶДММ “Маҷмааи Маҳастӣ” аз таҷлили ҷашни зодрӯзи М. Н. Д., директори мактаби русии ба номи А. П. Чехови шаҳри Хуҷанд дар тарабхонаи “Golden Fish”-и “Маҷмааи Маҳастӣ” огоҳ бошад ҳам, онро рӯйпӯш кардан мехостааст. Дар пайи як санҷиш исбот шудааст, ки директори мактаби номбурда шоми 16-уми феврал зодрӯзашро дар тарабхона бо иштироки 12 нафар меҳмонон ҷашн гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки мудири тарабхона барои директори мактаб ва меҳмононаш шароит фароҳам оварда, ҳангоми ворид шудани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади рӯйпӯш кардани ҷашнгирии зодрӯз аз меҳмонон хоҳиш кардааст, ки туҳфаҳои овардаашонро берун бароранд.

Суд соҳибкорро ба андозаи 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима кардааст, ки 117 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД