Масъалаи бақайдгириии симкортҳо аз масъалаҳои муҳим мебошад. Аз тарафи Роҳбари Давлат дастгирӣ карда шуд ва муҳлати бақайдгириии симкортҳо як соли дигар тамдид карда шуд.
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар ин хабарро дар нишасти солонаи худ бо ҳайати вазорат ва намояндагони Васоити ахбори омма эълон карданд. Ҳамчунин аз тарафи вазир илова карда шуд, ки "Дар ин давра бо мардум кор кардан муҳим аст ва дар масъалаи шиносномаи нав гирифтан ва бақайдгирифтани симкортҳо ба тартиби муайян ворид карда шавад."
Ҳар як шаҳрванд бояд бо номи худаш симкорт гирад ва сохторҳо бояд донанд, ки симкорт ба кӣ таалуқ дорад, гуфт вазир.