Arzon march 2024
МУБОРИЗ УСМОНОВ: ҶОИ ОИЛА ДИЛ АСТ, НА ИНТЕРНЕТ!
10.08.2021
Оила
3159

 

Мубориз Усмонов, ровӣ, ҳунарманд ва овозхони 28-солаи тоҷик, ҳаёти пасипардагиашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нишон додан намехоҳад.

Ба ақидаи ӯ, оила чизи нозук аст ва набояд дар маърази омма гузошта шавад. “Ман фикр мекунам, ки оила ҷойгоҳи махсус дорад ва ин ҳам дил аст, на интернет. Хушбахтии ману ҳамсарам ва падару модарам ҳамон қадар аз назари мардум дур бошад, ҳамон андоза хубтар аст”,-мегӯяд Усмонов дар барномаи интернетии шабакаи “Ahrori Channel”. Ба гуфтаи овозхон, мухлисонаш ба шабакаҳои иҷтимоии ӯ барои хабардор шудан аз навгониҳои эҷодиаш ворид мешаванд, на барои тамошои аксҳои оилавиаш. Мубориз Усмонов оиладор ва падари ду фарзанди дӯстрӯяк, як писару як духтар мебошад. Духтараш Азалия моҳи майи имсол 3-сола шуд ва писараш Бориз бошад, моҳи сентябр 2-сола мешавад.

Ҳамсари Мубориз то ба шавҳар баромадаш дар яке аз телевизионҳои давлатӣ фаъолият дошт, аммо баъди оиладор шудан, якбора аз телевизион канор рафт. “Ин қарори худи ҳамсарам буд. Ӯ хост, ки бештари вақти худро ба оила бахшад. Ман марди озодфикр ҳастам ва ҳатто худам пешниҳод кардам, ки агар хоҳад, метавонад кор кунад, аммо ӯ инро намехоҳад”,-шарҳ медиҳад овозхон. Мубориз Усмонов яке аз ровиёни шинохтаи кишвар буда, солҳои охир ва ҳунармандӣ ва овозхонӣ рӯй овардааст. Ба наздикӣ нахусталбоми ӯ бо номи “Сипос” дар шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд муаррифӣ шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД