Мубориз Усмонов яке аз беҳтарин овозхон ва ровии шинохтаи тоҷик аст, ки мухлисони зиёди худро дорад. Мубориз Усмонов гуфтааст, ки барои мухлисонаш навигариҳои зиёд дорад.
"-Дӯстони азиз, мо ҳоло болои сурудҳои нав, албоми нав ва консертҳои нав кор карда истодаем. Худо хоҳад, ба наздикӣ ҳамаи навигариҳоро пешкаши шумо мегардонем,- гуфт Мубориз Усмонов".
Ҳамчунин, ӯ иброз дошт, ки пас аз танаффуси зиёд мавсими нави барномаи интернетии “Имшаб»-ро дар “Ютуб” оғоз мекунад.
- Мо дар таҳияи барномаи “Имшаб» хеле танаффус доштем, вале хушбахтона аллакай нашри аввали мавсими навро сабт кардем. Барномаҳои навро бо меҳмонони нав интизор бошед,- афзуд ровӣ.
Ёдовар мешавем, ки сурудҳои Мубориз Усмонов дар сегменти ютуб миллионҳо нафар тамошо карда, ба ҳунари волои ин сароянда аҳсану офарин мехонанд. Охирон суруди Мубориз Усмонов бо номи “I am So Sorry” тахминан ду моҳ пеш нашр карда шудааст, ки онро зиёда аз 450 ҳазор нафар тамошо кардааст.