Gazprom july 2025
«Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд
14.08.2025
Oila.tj
212

Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи қалъаи бостонии Бибихонум, воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар «Муассисаи давлатии маҷмааи таърихии Бибихонум» таъсис дода шуд, ки тобеи Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бино ба иттилоии агентии мазкур, ёдгории бостонии қалъаи Бибихонум ба категорияи ёдгориҳои нодири бостонии миллӣ мансуб буда, аз ибтидои асрҳои 1-и мелодӣ то давраи охири асри 19 ҳамчун истеҳкоми пурқудрат мавҷудият доштааст.

- Ҳоло кормандони агентӣ дар ин ёдгорӣ корҳои ҳафриётӣ-бостоншиносӣ мебаранд. Ҳангоми пешбурди корҳои пажӯҳишӣ бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихӣ мансуб ба давраи Сомониён ва давраҳои минбаъдаи таърихӣ дарёфт гардидаанд, ки саҳифаҳои таърихи миллатро ғанӣ мегардонанд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД