Arzon march 2024
Муҳаммадюсуф Имомзода аз вазифаи вазири маориф ва илм сабукдӯш гашт
1732

Муҳаммадюсуф Имомзода, Вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз вазифа сабукдӯш ва ба ҷояш каси дигар ба ин мансаби баланд таъин гаштааст. Дар ин бора Азия-Плюс дар такя ба як манбааш дар ҳукумати кишвар хабар медиҳад.
Субҳи имрӯз Президенти мамлакат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармони аз вазифа сабукдӯш намудани вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзодаро ба имзо расонида, ба ин маснад нафари дигарро таъин намудааст.
Хабари аз вазифаи вазири маориф ва илми Тоҷикистон озод шудани Муҳаммадюсуф Имомзода ҳарчанд расман ҳанӯз нашр нашуда бошад ҳам, манбаъ мегӯяд, аллакай вазири навро дар вазорати маориф ва илми кишвар ба зердастонаш нишосонидаанд.
Ба ҷойи Муҳамадюсуф Имомзода Саидзода Раҳимҷон Ҳамро, сарвари “МИСиС» дар шари Душанбе вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин гаштааст.
Ҳанӯз маълум нест, ки вазири нав кадрҳои худро меорад ё дар такя ба командаи пештара корро дар вазорати маориф ва илми кишвар такон бахшиданист.
Ёдрас мешавем, ки Муҳаммадюсуф Имомзода 24-январи соли 2020 вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин гашта, дар ин мансаб ҳамагӣ ду сол фаъолият намуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД