Arzon march 2024
Мошин ба дарёи Фон сарозер рафту…
874

 

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз сар задани як ҳодисаи нохуш дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд хабар додааст, ки бар асари он чанд нафар ҷони худро аз даст дода, як ҷавони 22-сола нопадид гаштааст.

Тавре ки манбаъ менависад, ҳодиса дар наздикии шаҳраки Зарафшон ноҳияи Айнии вилояти Суғд сар зада, як мошини тамғаи “Opel Astra”, ки аз ҷониби сокини 26-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекат идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Панҷекат ба самти пойтахт ба дарёи Фон сарозер рафтааст.

Дар натиҷаи ин фалокат ронанда ва як мусофири мошин дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ду мусофири дигар, ки яке 63-сла ва дигарӣ 22 -сола мебошанд, бо захмҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шудаанд. Як мусофири дигари мошини ба дарё сарозер афтода, ки ҷавони 22-сола будааст, нопадид гаштааст. Наҷотдиҳандагони КҲФ дар гурӯҳи навоҳии минтақаи Зарафшон ба ҷойи ҳодиса расида, ҷасади ҳалокшудагон ва захмиёнро аз об берун овардаанд.

Ҷустуҷӯи шахси нопадидшуда идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД