Formula novemver 2024
МОҲПАЙКАР ЁРОВА ВА ХУРШЕД САТТОРОВ ДАР "ЯККАСАРОЙ" ТӮЙ ДОРАНД?
23441

 

Моҳпайкар Ёроваро нафаре нест, ки надонаду нашиносад. Ин ситораи синамои тоҷик тавонист бо саҳнаҳои ҷаззобу мондагораш дар дилу дидаи ҳаводорони театру кино маъво бигирад.

Аз хурд то калон шефтаи ҳусни расову ҳунари асили ин бонуи фариштарӯй ҳастанд, шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки ба зиндагиаш мароқ зоҳир мекунанд. Субҳи имрӯз яке аз хонандагони сомонаи “Оила” бо номи Субҳия занг зада, гуфт, ки ҳунарпеши дӯстдоштааш Моҳпайкар Ёрова тӯйи арӯсӣ дорад. Ӯ худро аз Сурайё Қосимова кам надониста, бо як ҷавони хеле боҳунар ва хушқаду қомат-Хуршед Сатторов издивоҷ карданист. Мегӯянд, ки Хуршед Сатторов бо як нигоҳ ошиқи зори Моҳпайкар гаштаасту меҳоҳад тӯйи осмонкаф барпо намуда, ин маликаи саҳнаро ба занӣ бигирад. Ба қавли Субҳия байни Моҳпайкар ва Хуршед Сатторов чанд сол боз робитаи ошиқӣ вуҷуд доштааст ва хислати хӯйи ҳамдигарро хуб омӯхта, билохира ба хулосае омадаанд, ки риштаи тақдирашонро бо ҳам бипайванданд.

“Қарор аст, ки тӯйи домодиву арӯсии ин ду шахсияти машҳур дар беҳтарин тарабхонаи кишвар “Якасарой” баргузр гардад”,-гуфт дар фарҷом Субҳия.
Барои фаҳмидани ҳақиқати ин овоза мо бо ин ду ҳанарманд ҳамсӯҳбат гаштем.

Хуршед Сатторов:
Байни мо муносибати зиёд аст....

-Ману Моҳпайкарбонуро муносибатҳои зиёде бо ҳам мепайванданд. Кадомашро ба шумо қисса кунам? Мехоҳед донед, ки ману Моҳпайкар кай тӯй мешавем? Дилатон бисёр чиз мехостааст! Мо тӯйро пинҳонӣ мегузаронем! (Механдад) Шӯхӣ кардам. Моҳпайкар дӯсти наздики банда аст, аммо Лайливу Маҷнун нестем. Моҳпайкар “мужик”-и ҳақиқӣ аст, касе, ки бо ӯ дӯстӣ мекунад, бурд мекунад. Рост аст, ки ману Моҳпайкар ҳамеша ҳамроҳем. Ҳарду якҷоя хӯроки шом мехӯрем, ба сайругашт меравем, дар гӯшаҳои зебоманзари диёрамон сайр мекунем, аммо ин маънои онро надорад, ки Моҳпайкар маъшуқаи ман аст. Дигар бо чунин овозаҳо асабҳои маро вайрон накунед!

Моҳпайкар Ёрова:
Тӯй, ки кардам....

Ман фикр мекунам, ки Субҳияхон моро дар Сафедара ё ягон тарабхона дидааст. Ману Хуршед ягон-ягон ба тарабхона меравем, лекин ин маънои онро надорад, ки Хуршед номзади ман аст! Мо танҳо ду дӯсти ҷонием. Ягон вақт аз забони ин ҷавонмард сухани ишқу муҳаббат нашунидаам. Ӯ маро ҳамчун як дӯсти қарини худ қабул кардааст ва ман ҳам аз ошноӣ бо Хуршед фахр мекунам. Хуршед, бисёр бачаи меҳнатӣ ва мудом сертаршвиш бошад ҳам, ҳамеша барои дӯстонаш вақт меёбад, чунки дар дӯстӣ содиқ аст. Дар масъалаи тӯй бошад, ташвиш накашед, агар ман арӯсӣ кунам, ҳатман шуморо хабар мекунам! Шумо кормандони сомонаи “Оила” пеш-пеши арӯсу домод рақсу бозикунон тӯйи арӯсии Моҳпайкар Ёроваро ба навор мегиред!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД