Шоми 11-уми июл қалби боз як зани муборизи тоҷик аз тапидан бозмонд. Бонуи оқилаву хирадманде ин дунёи фониро абадан падруд гуфт, ки кору пайкораш натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи кишвар низ намунаи ибрати ҳазорон занону духтарон гашта буд.
Вилоят Мирзоева аз зумраи он бонувони камназире буд, ки зиндаёд Лоиқ Шаралӣ дар ситоишаш фармудааст:
Сано бодо ба занҳое, ки марданд,
Баёзи зиндагиро байти фарданд,
Ба номардон бидода дарси мардӣ,
Даме ҳуни заниро кам накарданд.
Ӯ умри пурбаракаташро сарфи ҳимояи ҳуқуқҳои бонувон намуда, аз минбарҳои баланди созмонҳои умумиҷаҳонӣ дар боби ҳимояи занону духтарон аз хушунату зӯроварӣ сухан мегуфт ва барои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои баробари занон ва мардон алош менамуд. Чанд сол боз мариз буд, касалии саратон дошт, аммо синну солаш ба домони 90 расида бошад ҳам, ба бемориаш нигоҳ накарда, ҳамеша сертакопӯ буд, нақшаҳои тоза ба тоза мекашид, баҳри ҳалли мушкилоти бонувон чорабиниҳои зиёде баргузор мекард, дар ҳама ҷо гули сари сабади маҳфилҳо буд, аммо аждари марг якбора панҷа ба гиребонаш панҷа зада, оқибат ин зани муборизро аз по афтонд.
Духтари оташ
Чеҳраи ҳамеша хандон ва нерӯи бузурги ботинии Вилоят Маҷидовна ба ёдам ҳамеша сегонаи устод Ҷалол Икромӣ “Духтари оташ”-ро меовард. Дар ҳақиқат духтари оташ буд Вилоят Мирзоева, даме орому қарор надошт, мудом пайи ҳалли мушкилоти дигарон медавид.
Боре сирри нерӯи бузурги ботиниашро пурсон шудам. Вилоят Маҷидовна хандаи зебое карда гуфтанд:
“Ман аз аввал ҳамин хел духтари фаъол ва оташин будам. Замони донишҷӯӣ сарварии клуби “Дугонаҳо”-ро бар дӯш доштам, баъдтар ба вазорати маориф ба кор гузашта, бо масоили занон машғул шудам, аммо вақте ки Бюрои “Зан ва тараққиёт” ташкил шуд ва тариқи озмун маро сарвари ин ташкилот интихоб карданд, масъалаҳои гендерӣ ба масъалаи №1-и зиндагиам табдил ёфтанд“.
Аз деҳоти дурдаст то минбарҳои баланд
Бюрои “Зан ва тараққиёт” соли 1995 ташкил шуда, аввалин лоиҳаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар самти пешгирии зӯроварӣ ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари занон ва мардон дар Тоҷикистон буд. Дар ташкили Бюрои “Зан ва тараққиёт” муовини ҳамонвақтаи сарвазири Тоҷикистон Бозгул Додхудоева ва коршиноси байналмилалӣ Шаҳрбону Тоҷбахш нақши муҳим доштанд, вале кори ин бюро маҳз тавассути талошҳои Вилоят Мирзоева пешрав гашта, ба як ташкилоти пурқудрат табдил ёфт.
“Ҷанги шаҳрвандӣ зоҳиран ба охир расида буд, вале вазъият ҳамоно шадид буд. Куштору хунрезиҳо дар гӯшаву канорҳои гуногуни кишвар идома доштанд. Солҳои душворе буданд, аммо ба хотири кӯмак расонидан ба занону духтарони тоҷик ҳамчун сарвари бюрои “Зан ва тараққиёт” гоҳ савораю гоҳ пиёда ноҳия ба ноҳия, деҳа ба деҳа мегаштам, ба ғайр аз Мурғоб дигар дар тамоми манотиқи Тоҷикистон будам. Бо зисту зиндагии мардуми тоҷик аз наздик ошноӣ доштам ва бо чи мушкилиҳо рӯ ба рӯ гаштани занону духтаронро бо чашми сар дида, аз минбарҳои баланд дар боби ин мушкилиҳо мегуфтем ва барои ҳаллашон чора меҷустем”,- қисса карда буд Вилоят Мирзоева зимни як суҳбат.
100 лоиҳае, ки ҳаёти ҳазорон занонро тағйир доданд
Аввали солҳои 2000-ум муҳлати амали Бюрои “Зан ва тараққиёт” дар Тоҷикистон ба итмом расида, маблағгузорӣ қатъ шуд, вале ҳимояи ҳуқуқҳои занон акнун ба рисолати асосии зиндагии Вилоят Мирзоева табдил ёфта буд ва ин зани мубориз намехост кореро, ки маънии ҳаёташ гашта буд, нотамом гузорад. Бо мақсади идома додани фаъолиятҳои бюро ташкилоти ҷамъияти “Гендер ва тараққиёт”-ро созмон дод ва то лаҳзаҳои охирини ҳаёташ барои таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон ва мардон талош намуд.
Бо сарварии ин зани оқила ташкилот тӯли 25 сол зиёда аз 100 лоиҳаи муваффақро амал намуда, бо Кумитаи кор бо занон ва оила, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар вазорату идораҳо ҳамкории судмандро ба роҳ монд.
Зане, ки вуҷудаш саршори меҳри ватан буд
Вилоят Мирзоева солиёни зиёде бо ташкилотҳои хориҷӣ кор ва ҳамкорӣ карда бошад ҳам, афзалиятҳои миллӣ ҳамеша дар қалби ин зани ватандӯсту ватанпарвар ва дар меҳвари афзалиятҳои ташкилоте, ки сарвариашро бар дӯш дошт, қарор дошт. Тамоми лоиҳаҳое, ки ин зани ватандӯст роҳандозӣ мекард, ба ҳимояи манфиатҳои занони тоҷик, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароитҳои беҳтари кор, таҳсил ва зиндагӣ барои бонувон нигаронида шуда буданд. "Тақвияти тавонмансозии ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимояи занони зери хатар ё қурбониёни хушунати хонаводагӣ дар Осиёи Марказӣ", «Кӯмак дар пешгирии оқибатҳои манфии издивоҷи маҷбурӣ ва зӯроварӣ нисбати занону кӯдакон», «Зӯроварӣ нисбати занон ҳамчун мушкилоти иҷтимоӣ», Ташаббуси муштараки Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Милали Муттаҳид “Нӯри рӯшнои”, ки ба фаъолияти бисёр созмонҳо, аз ҷумла созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар роҳи пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон такони нав бахшид, лоиҳаи махсуси «Тавонмандсозии оилаҳои муҳоҷир барои беҳтар намудани натиҷаҳои муҳоҷират дар вилояти Хатлон”, “Тавонмандсозии иқтисодии занон дар Тоҷикистон: монеаҳо ва дурнамо» , «Муколамаи бисёрҷонибаи фаромарзӣ ба хотири таҳаммулпазирӣ ва сулҳ» намунае чанд аз кору пайкор ва лоиҳаҳои муваффақе мебошанд, ки бо сарварии Вилоят Мирзоева амалӣ карда шуда, ҳаёти садҳо занону духтарони тоҷикро дигаргун намудаанд.
Ширинтарин лаҳзаи зиндагии Вилоят Мирзоева
Кору пайкори ин зани ватандӯст аз назари Сарвари давлат дур намонд ва хизматҳои Вилоят Маҷидовнаро бо ҷоизаи "Корманди шоистаи Тоҷикистон" сазовор гардониданд.
Вилоят Мирзоева ҳамеша бо ифтихор мегуфт: “Гирифтани ҷоизаи "Корманди шоистаи Тоҷикистон" аз дасти Пешвои миллат бароям ифтихори бузург буд, зеро ман аввалин зани тоҷик будам, ки дар сохтори СММ кор карда, сазовори ҷоизаи давлатӣ гаштам”.
Кору пайкори ин зани сертакопӯй достони бузургест, ки чанд китоб хоҳад шуд, вале мо бо ҳамин иктифо намуда, ба пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ мекунем. Ҷойи Вилоят Маҷидовнаи азиз биҳишти ҷовидон бошад!
Фирӯза САТТОРӢ